![]()
Роҳандозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, замина фароҳам овард, ки дар гӯшаву канори мамлакат корхонаҳои муосири истеҳсолӣ бунёд гардида, иқтидори саноатӣ таҳким ёбад. Яке аз чунин корхонаҳои муваффақ, ки имрӯз дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат саҳми назаррас дорад, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна Ко» мебошад. Корхона, ки маҳсулоти худро таҳти бренди маъруфи «Арча» истеҳсол менамояд, ба коркарди чӯб ва истеҳсоли маҳсулоти сохтмониву ороишӣ машғул буда, дар байни корхонаҳои минтақа мавқеи намоён касб кардааст.
Корхонаи «Арча» 20-уми октябри соли 2015 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дадахон Очилов бо маблағи 12 миллион сомонӣ дар муддати зиёда аз яку ним сол бунёд гардида, имрӯз ба яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти чӯбӣ дар кишвар табдил ёфтааст.
Дар корхона дарҳои байниҳуҷрагии замонавӣ, тирезаҳо, профилҳои чӯбӣ, тирезатаг, карниз, плинтус ва дигар маҳсулоти сохтмониву ороишӣ истеҳсол мегардад. Сифати маҳсулот ба талаботи бозори муосир ҷавобгӯ буда, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ харидорони худро пайдо кардааст. Бо мақсади мутобиқ намудани истеҳсолот ба меъёрҳои байналмилалӣ дар корхона таҷҳизоту технологияҳои муосири аврупоӣ насб шудаанд. Насбу ба роҳ мондани технологияҳои пешрафта бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ва омӯзиши ҷавонони маҳаллӣ амалӣ шудааст.
Яке аз бартариҳои муҳими корхона коркарди бепартови он ба ҳисоб меравад. Ҳамаи партовҳои истеҳсолӣ дубора коркард гардида, дар дегхонаҳои буғии муосир истифода мешаванд. Ин раванд ба самаранокии иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар корхона хатти нави истеҳсоли мебел ва мизу курсӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ба истифода додани ин хатти истеҳсолӣ имкон фароҳам овард, ки даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, номгӯйи маҳсулот боз ҳам васеъ гардад.
Имрӯз дар корхона зиёда аз 120 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин буда, аз ин шумора 48 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд. Барои кормандон тамоми шароити зарурии меҳнат муҳайё шудааст, онҳо бо либоси махсуси корӣ, нақлиёти хизматӣ, муоинаи тиббӣ ва ғизои гарм ройгон таъминанд.
Масъулини корхона таъкид менамоянд, ки баланд бардоштани сифати маҳсулот, ворид намудани технологияҳои нав ва густариши иқтидори истеҳсолӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти онҳо мебошад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”