Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Бо мақсади иҷрои саривақтии супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хадамоти алоқа ҷиҳати таҳияи лоиҳаи мазкур аз ҳисоби кормандони ҳирфавӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо дарназардошти пешниҳодҳои ироагардида, баъди мувофиқа бо ниҳодҳои дахлдор, лоиҳаи мазкур барои тасдиқ пешниҳод шуд.
Басо рамзист, ки дар арафаи таҷлили иди касбии кормандони соҳаи алоқа, ки ҳамасола 7-уми май таҷлил мешавад, Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (минбаъд – Стратегия) ҳуҷҷати калидии банақшагирии стратегии соҳавӣ буда, барои муайян кардани афзалиятҳои сиёсати давлатӣ, ҳадафҳои дарозмуддат ва механизмҳои рушди устувори соҳаи телекоммуникатсия ва хизматрасониҳои почтавӣ дар бахши маданӣ дар шароити табаддули рақамӣ равона шудааст.
Ҳуҷҷати мавриди назар воситаи мукаммали рушди соҳаи алоқа ва хизматрасониҳои почтавии Тоҷикистонро ташкил дода, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути васеъ намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои алоқа, таъмини рушди устувори технологии соҳаи алоқа, навсозӣ ва густариши зерсохти телекоммуникатсионӣ ва почтавӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда дар соҳаи алоқа, интиқоли маълумот ва хизматрасониҳои почтавӣ, рушди иқтидори кадрӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва таъмини соҳибихтиёрии рақамӣ, ҳамгироӣ ба фазои байналмилалии рақамӣ ва телекоммуникатсионӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
Мушкилоти муосир, аз ҷумла рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, афзоиши талаботи аҳолӣ ва тиҷорат бо истифода аз хизматрасониҳои босифати алоқа, зарурати таъмини устувории кибернетикӣ ва таҳкими соҳибихтиёрии рақамӣ аҳамияти банақшагирии муназзам ва дарозмуддатро пешакӣ муайян мекунанд. Ташаккули самтҳои стратегӣ имкон медиҳад, ки сиёсати пайдарпайи навсозии зерсохт, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҳифзи манфиатҳои истифодабарандагон таҳия гардад.
Дар доираи омодасозии Стратегия таҳлили вазъи кунунии соҳа гузаронда шуда, мушкилоти асосӣ ва монеаҳо муайян гардиданд, инчунин, самтҳои ояндадор барои навсозӣ ва табаддули рақамии онҳо ба назар гирифта шудааст. Дар ин асос, ду мақсади асосии стратегӣ таҳия шуданд, ки барои ҳамаи иштирокчиёни раванд: д авлат, операторони алоқа, тиҷорат ва ҷомеа ҳамчун роҳнамо хизмат мекунанд:
1) пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи босифат, муосир ва дастрас, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунанд;
2) ноил шудан ба рушди устувори соҳаи алоқа тавассути эҷоди зерсохти рақамии муосир, бехатар ва боэътимод.
Амалисозии ин мақсадҳо замина барои ноил шудан ба вазифаҳои дарозмуддати Стратегия, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, ташаккули экосистемаи инноватсионӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Барои ноил шудан ба мақсади якум иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
1) таъмини дастрасии умумӣ ба алоқаи мобилӣ ва собит дар ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин бо шумораи зиёда аз 700 нафар;
2) рушди шабакаҳои баландсуръат (4G, 5G, FTTH, тасмимҳои моҳворавӣ) барои таъмини интернет дар минтақаҳои шаҳрӣ ва деҳот;
3) ҷорӣ намудани стандартҳои миллии сифати хизматрасонӣ (SLA) барои ҳамаи операторони алоқа;
4) таъсиси низоми мониторинги сифати хизматрасониҳои алоқа дар асоси нишондиҳандаҳо ва методологияҳои байналмилалӣ;
5) кам кардани сарбории тарифӣ ба хонаводаҳо ва тиҷорат тавассути такмили сиёсати тарифӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба рақобати солим;
6) таъмини шаффофияти тарифҳо ва бартараф кардани пардохтҳои пинҳонӣ ва шартҳои ғайриодилонаи пайвастшавӣ;
7) ҳамгироии хизматрасониҳои алоқа бо хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, молия ва идоракунии давлатӣ;
8) бартараф кардани нобаробарии рақамӣ тавассути рушди афзалиятноки зерсохт дар минтақаҳои душворрас;
9) ташкил ва ҷорӣ намудани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагон ва баррасии фаврии шикоятҳо;
10) баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ тавассути барномаҳои таълимӣ, таблиғи хизматрасониҳои онлайн ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир;
Барои ноил шудан ба мақсади дуюм иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
1) навсозии зерсохти миллии алоқа бо ҷорӣ намудани технологияҳои насли нав;
2) рушди шабакаи хатҳои магистралӣ ва минтақавии нахҳои нурӣ бо гуногунсозии масирҳо ва баланд бардоштани иқтидори интиқол;
3) бунёди зерсохти миллии IXP (нуқтаи мубодилаи трафики интернетӣ) ва самтҳои байналмилалии захиравӣ барои баланд бардоштани устувории шабака;
4) сохтмон ва ба истифода додани марказҳои коркарди маълумоти сатҳи миллӣ барои нигоҳдорӣ, коркард ва ҳифзи маълумот;
5) таъмини сатҳи баланди амнияти иттилоотӣ;
6) такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳаи алоқа бо дарназардоштани стандартҳои байналмилалӣ;
7) фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ ва амалисозии лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи зерсохти рақамӣ;
8) ташкил ва ҷорӣ намудани низоми сертификатсия ва аудити сифати зерсохти рақамӣ;
9) ташкили омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
10) вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироӣ ба ташаббусҳои рақамии минтақавӣ барои табдил додани Тоҷикистон ба маркази рақамии транзитии Осиёи Марказӣ.
Амалисозии вазифаҳои муқарраршуда барои ҳар мақсади стратегӣ имкон медиҳад, ки рушди пайдарпайи соҳа таъмин гардад, сифат ва дастрасии хизматрасониҳо барои аҳолӣ ва тиҷорат беҳтар шавад ва мавқеи Тоҷикистон дар фазои рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мустаҳкам гардад.
Хусусияти муҳими Стратегия дар он аст, ки сармоягузории асосӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин гардида, ҳиссаи он тақрибан 89,7 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, 6,6 фоиз аз ҳисоби шарикони рушд, 3 фоиз маблағҳои махсус ва 0,7 фоиз аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст. Ин нишон медиҳад, ки Стратегия ба ҷалби фаъоли сармояи хусусӣ ва рушди бозори рақобатпазир такя мекунад.
Стратегия на танҳо ҳуҷҷати соҳавӣ, балки заминаи боэътимоди рушди иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими соҳибихтиёрии технологӣ буда, қабул гардидани он имкон медиҳад, ки шабакаҳои интернет ва алоқа (аз ҷумла, 4G/5G, нахи нурӣ) васеъ ва навсозӣ шуда, сифати хизматрасонӣ ва фарогирии бештар ҳатто дар минтақаҳои дурдаст, муҳайё гардад. Он ба рушди зерсохт мусоидат намуда, ба арзонтар гардидани хизматрасониҳои алоқа ва беҳтар шудани дастрасӣ ба онҳо муосидат менамояд. Ҳамзамон, “нобаробарии рақамӣ”-и байни шаҳр ва деҳотро коҳиш медиҳад. Стратегия барои рушди ҳукумати электронӣ, хизматрасониҳои онлайн ва тиҷорати электронӣ замина фароҳам оварда, шаффофият ва самаранокиро меафзояд. Барои сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меояд, ки ин омил ба рушди навоварӣ ва беҳбуди хизматрасонии самтҳои мухталифи соҳаи алоқа мусоидат мекунад.
Дар доираи амалисозии Стратегия Хадамоти алоқа бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҳамкориро ба роҳ мемонад.
Исфандиёри САЪДУЛЛО,
сардори Хадамоти алоқаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон