Баргашт Чоп кардан

САЙЁҲӢ. СЕ ФАСЛРО ДАР ЯК ВАҚТ ДИДАН ХОҲӢ, ТОҶИКИСТОН БИЁ!


Диёри бостонии мо иқлими муътадилу табиати дилфиреб дорад. Чунин гуногунии табиату иқлим на дар ҳар кишвар дида мешавад. Зимни сафар ба ноҳияи Қубодиён бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки дар як рӯз метавонӣ дар Тоҷикистон се фаслро бубинӣ.


Субҳгоҳон вақте аз пойтахт ба самти шаҳри Бохтар равон гаштем, то ба охир расидани ҳудуди мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон дидани манзараи дилфиреби фасли баҳор моро мафтун кард. Теппаҳои сарсабз, қатори лолаҳои шукуфон, аз шамоли баҳорӣ алвонҷхӯрии дарахтони канори роҳ ба дилҳо фараҳ мебахшид. Чун ба ноҳияи Қубодиён расидем, манзараҳои тобистон ба назар расид. Дидани майдонҳои гандумзори нав даравшуда, ҷуворимакказори ба донгирӣ омода, зардолую олуболуи пухтарасида, дуконҳои сайёри фурӯши ҳандалаку тарбузи нав аз полиз чидашуда хеле фараҳбахш буд. Аз шаҳри Душанбе то ноҳияи Қубодиён дую ним соат масофа аст. Яъне, мо дар ин фосилаи вақт аз фасли баҳор ба тобистон сафар кардем. Агар сайёҳе шаб дар Қубодиён меҳмон шуда, субҳ ба самти пойтахт равон шавад, дар дую ним соат аз фасли тобистон ба баҳор мерасад. Сипас, баъди каме саёҳат хӯроки нисфирӯзӣ хӯрда, ба самти ағбаи Анзоб равад, дар яку ним соат аз баҳор ба зимистон сафар мекунад. Чунин вазъиятро метавон аз моҳи май то моҳи июл мушоҳида намуд. Аз ин рӯ, ширкатҳои сайёҳиро лозим аст, ки дар қатори муаррифии обҳои минералию чашмаҳои гарми ҷумҳурӣ ҳамин ҷиҳати ҷолиб, яъне сафар кардан аз тобистон ба зимистонро ба забонҳои англисӣ, арабӣ, русӣ, чиноӣ, олмонӣ ва испанӣ тарғиб намоянд. Яъне, интизор нашаванд, ки кай сайёҳе бо майли худ иродаи сафари кишвари моро мекунад.
Ҷалби сайёҳон маҳорату чаққонӣ мехоҳад. Баъзе кишварҳо дар биёбон инфрасохтори муосири сайёҳӣ сохта, соле миллионҳо сайёҳи хориҷиро қабул менамоянд. Бояд аз онҳо ибрат гирифта, бо доштани имкониятҳои бузург дар бозори сайёҳӣ мавқеи сазовортар ёбем.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»