Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод»-и раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд маросими супурдан ва ба истифода додани айвони (ангари) нав баргузор шуд. Айвон дар доираи ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар доираи Барномаи ҷаҳонии назорати мусофирон ва боркашонӣ бунёд гардидааст.
Дар маросим муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, Намояндаи минтақавии UNODC дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Оливер Штолпе, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва кормандони мақомоти гумрук иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ санади қабулу супурдани иншоот ба имзо расид ва лентаи рамзӣ бурида шуд. Ҳамчунин, ширкаткунандагон бо инфрасохтор ва фаъолияти дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» шинос шуданд.
Зикр гардид, ки айвони нав барои беҳтар намудани шароити гузарондани назорати гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии муоинаи борҳо ва таҳкими иқтидори инфрасохтории дидбонгоҳи гумрукӣ, ки дар яке аз қитъаҳои муҳими сарҳади давлатӣ ҷойгир аст, мусоидат хоҳад кард.
Ба иштирокдорон маълумот оид ба фаъолияти дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод», нақши он дар таъмини савдои қонунии байналмилалӣ, инчунин, пешгирӣ ва ошкор намудани интиқоли ғайриқонунии молҳо, воситаҳои нашъадор ва дигар ашёи мамнуъ тавассути сарҳади давлатӣ пешниҳод шуд.
Таъкид шуд, ки сохтмони иншоот бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҷаҳонии UNODC оид ба назорати мусофирон ва боркашонӣ ва бо дастгирии молиявии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ гардидааст.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба таҳкими минбаъдаи иқтидори мақомоти гумрук, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти занҷираҳои таъминот мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»