Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКОБОД. ЛИТСЕЙ ШУҲРАТИ ПЕШИНААШРО БАРҚАРОР МЕКУНАД?


Литсейи касбии техникии (ЛКТ) ноҳияи Тоҷикобод соли 1964 барои касбомӯзони водии Рашт таъсис ёфта, тайи солҳои фаъолияташ садҳо сокинони минтақа ва ҷумҳурӣ ин боргоҳро хатм намудаанд. Даврони шуравӣ дар он на танҳо касбомӯзон аз Тоҷикистон, балки аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон низ ба омӯзиш фаро гирифта мешуданд.
Литсей дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир буда, аз бинои таълимии сеошёна, хобгоҳи 4-ошёна, ошхона, сехҳои қаннодию техникӣ ва дигар биноҳои ёрирасон иборат аст.
Оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо сабабҳои ташан-нуҷоти дохилӣ фаъолияти муассиса чун дигар муассисаҳои касбомӯзӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулон вазифадор шуданд, ки барои таъмиру тармими биноҳо ва беҳтар намудани фаъолияти он тадбирҳои судманд андешанд.
Тибқи иттилои директори муассиса Диловаршоҳ Бедориев, ҳоло дар Литсей 134 хонанда аз рӯйи ихтисосҳои тракторчӣ – мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, фермер – соҳибкор, ҳисобдор ва дӯзандагӣ таҳсил доранд. Ба таълиму тарбияи касбомӯзон 34 омӯзгор машғул аст.
Муассиса дорои 4 трактор, автомобил, комбайни ғалладарав ва синфхонаҳои омӯзиши воситаҳои техникӣ буда, машғулиятҳои амалии касбомӯзон бо истифода аз ин воситаҳои техникӣ гузаронда мешаванд. Дар Литсей ба рушди ҳунармандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, маҳсулоти омодакардаи касбомӯзон дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ пайваста ба намоиш гузошта мешаванд.
Литсейи касби техникии ноҳияи Тоҷикобод имкон дорад шумораи зиёди довталабонро ба касбомӯзӣ фаро гирад. Чанд нафар касбомӯзон ҳоло аз дигар ноҳияҳои гирду атроф таҳсил доранд. Мониторинги азхудкунии дониши хонандагон пайваста гузаронда шуда, сатҳи азхудкунии дониш ба 65,2 фоиз расидааст. Дар ошёнаи сеюми бинои таълимӣ аз 2024 филиали Коллеҷи тиббии инноватсионии ноҳияи Панҷ фаъолият дорад, ки дар он 139 донишҷӯ бо ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, момодоягӣ ва дандонпизишкӣ таҳсил доранд.
– Умедворем, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод боз ҳам беҳтар гардида, он шуҳрати пешинаашро барқарор мекунад, – гуфт дар хотимаи суҳбат Д. Бедориев.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”