![]()
Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ минбари озоди андешаву афкори ҷомеаи чандмиллиарднафараи Замин аст. Муҳимтарин падидаи он фазои боз будани он аст, яъне фикру мулоҳиза ва хулосаҳои шахсону касони алоҳида озодона нашр мешавад ва мавқеи онҳоро дар баробари сиёсатҳо, шахсиятҳо ва бузургони илму адаб рӯшан мекунад. Аз ҷумла, муносибати форсизабонони дунё ба тоҷикону Тоҷикистон ва Сарвари номвари он
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро шоду масрур мекунад. Барои собит шудани ин гуфтаҳо гузоре кардем ба саҳифаҳои гуногуни шахсиятҳои таъсиррасони Афғонистону Эрон, ки ҳоло дар интернет мечархад. Махсусан, овардаҳои ҳамзабонони бурунмарзии мо, ки дар зер бозтоб мешаванд, гувоҳ бар онанд, ки форсизабонони ҷаҳон аз пешравиҳои иқтисодиву фарҳангии Ватани мо илҳом гирифта, ояндаи ин марзу бумро дурахшон мебинанд ва Душанберо ҳамчун пойтахти навини тамаддуни ориёии ҷаҳон пазируфтаанд:
Меҳриёри Меҳрофарин, Амрико:
– «Ёрон, меҳрубонон, ҳамдилон ва ҳамзабонон! Дуруд ва офаринатон бод! Ман Меҳриёри Меҳрофарин – сухансарои тоҷикманиш, тоҷикандеш ва тоҷиккуниш ҳастам, ҳамоно эронии пурраи пурра. Ҳаргиз Тоҷикистонро надидаам, аммо Тоҷикистонро бо ҳамаи кӯҳҳову дарёҳо ва деҳу шаҳрҳо ва фарозу нишеб ва гулу хору мардуми некманиш ва додгараш, бо Сарвари некманишу некрояш дар густураи дилам, дар каронаи қалбам ҷой додаам, то аз Тоҷикистон даме ғофил намонам. Ман солҳост, ки лабрез аз он сарзамини варҷованд ҳастам, бе он ки он ҷоро дида бошам, ман дар даруни Амрико зиндагӣ мекунам ва Тоҷикистон дар даруни ман! Ман Тоҷикистонро на танҳо нахустин гаҳвораи фарҳангу ҳунар ва адаби Ориёно ва Эрони бузург медонам, балки Тоҷикистонро вопасин монок ё мерос ва намоди сарфарозӣ ва сарбаландии арзишҳои аҳуроӣ ва мардумиву мардумбудӣ ва меҳрварзӣ дар густураи ҳастӣ медонам. Ориёноро хуб мешиносам… Ман дудмони Сомонхудойро нағз мешиносам, ман сипаҳсолори Хуросонро ба некӣ мешиносам ва инро низ медонам, ки тоҷиконро аз замони шоҳони Каёнӣ чунин хондаанд: Тоҷикон, Тоҷикиён ва Тоҷи Каён – тоҷи сари подшоҳони Каёнӣ.»
Сайид Қодири Муҷаддадӣ:
– «Ин аст чеҳраи воқеии як Раиси ҷумҳур! Бо садоқату ҷавонмардӣ камари хидматро барои кишвараш дар миёни халқу мардум баста мекунад, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар хотима дода, сулҳи ҳамешагиро ҷойгузини он месозад, чандин тунели мутаррав (нақби мошингузар) месозад, шоҳроҳҳоро эъмор мекунад, боғдориву зироатро ба шакле тарвиҷ медиҳад. Меъмории шаҳрсозии мудерн ва мондагорро дар кишвар тарҳрезӣ намуда, бас парку чаман, тафреҳгоҳ, варзишгоҳ месозад. Ин ҳам ҷараёни сохтани яке аз бандҳои обии барқ, ки худ шоҳиди он ҳастед. Пас қазоват бо шумост».
Дар зери ин навиштаи Сайид Қодир ҳамдиёраш Озарахш Ғаффор навиштааст: «Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан, ки аз миёни мардум бархоста, дар қалбҳои мардумаш ҷойи хос дорад ва шоистаи ҳар гуна тамҷиду тақдир ҳам ҳаст.»
Карима Карим:
– «Ин гуна Раиси ҷумҳурро бояд халқаш аз хоки пояш сурмаи чашм бисозанд. Аз ҳама бештар амният барои як миллат муҳим аст, баъдан инкишофи ҷомеа. Худованд онҳоро як инсон офарида, барои инсоният зиндагӣ мекунанд ва ба халқи Худо ҳам масъуният меофаринанд».
Абдулҳамид
Аҳмадӣ:
– «Воқеан, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти барҷаста ва муқтадир аст. Худо ҳамроҳаш бошад! Яъне, сулҳ, оромиш ва тараққии Тоҷикистон маҳсули амалкарди ин шахсияти бузург аст».
Mеҳрия Фарид:
– «Муборакашон бод! Ҳадди ақал раҳбари дилсӯз доранд, ки баъд аз суқути Иттиҳоди Шуравӣ нагузошт Тоҷикистонро хароб кунанд. Қудратро ба даст гирифтааст, то ки мардумаш ором бошад».
Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”