Ҳамасола 5-уми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мегардад. Ин сана бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, ба яке аз муҳимтарин рӯзҳои экологӣ дар ҷаҳон табдил шудааст. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муҳити зист ва ташвиқи амалҳои мушаххас барои ҳифзи табиат мебошад.
Дар шароити имрӯза масъалаҳои вобаста ба муҳити зист аҳамияти бештар пайдо кардаанд. Тағйирёбии иқлим, ифлосшавии ҳаво ва об, камшавии гуногунии биологӣ, нобудшавии ҷангалҳо ва зиёд гардидани партовҳо ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтаанд. Ин омилҳо на танҳо ба табиат, балки ба саломатӣ, иқтисод ва зиндагии ҳар як инсон таъсири манфӣ мерасонанд.
Муҳити зист сарчашмаи асосии ҳаёт мебошад. Оби тоза, ҳавои соф, заминҳои ҳосилхез ва захираҳои табиӣ барои рушди устувори ҷомеа аҳамияти ҳаётӣ доранд. Аз ин рӯ, ҳифзи муҳити зист бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат, ташкилотҳо ва шаҳрвандон бошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои экологӣ аҳамияти махсус доранд. Кишвари мо дорои захираҳои бузурги обӣ ва табиати нотакрор мебошад. Пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи муҳими об барои минтақаи Осиёи Марказӣ хизмат мекунанд. Аммо таъсири тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба амнияти обии минтақа таҳдид эҷод менамояд. Аз ин рӯ, кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ пайваста масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рушди «иқтисоди сабз»-ро пешбарӣ мекунад, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳифзи муҳити зист танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, ҳар як шаҳрванд метавонад бо амалҳои одӣ, аз ҷумла ниҳолшинонӣ, сарфаи обу неруи барқ, риояи тозагӣ, ҷудо кардани партовҳо ва муносибати эҳтиёткорона ба табиат дар беҳтар гардидани вазъи экологӣ саҳми арзанда гузорад.
Рӯзи байналмилалии муҳити зист бори дигар моро ба андеша водор месозад, ки ояндаи наслҳои минбаъда аз муносибати имрӯзаи мо ба табиат вобаста аст. Ҳифзи муҳити зист кафолати зиндагии солим, рушди устувор ва шукуфоии ҷомеа мебошад. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд масъулияти худро дар назди табиат эҳсос намуда, барои нигоҳдории он саҳмгузор бошем.
Муҳити зистро ҳифз намоем, зеро табиати солим – заминаи зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони инсоният аст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»