Дар доираи ҳамкории воситаҳои ахбори омма бо мақомоти давлатӣ ҳайати рӯзноманигорон ба ноҳияи Фархор ва шаҳри Норак пресс-тур анҷом дода, бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал аз наздик шинос шуданд. Дар ин сафар рӯзноманигоронро роҳбарияти маҳаллӣ ва директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Юсуфзода ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни боздид аз Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор» маълум гардид, ки танҳо соли ҷорӣ дар майдони 53 гектар ҷангалзори нав бунёд ёфтааст. Дар ин майдонҳо сафедор, акатсия, павлония ва дигар дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудаанд. Ҳамзамон, дар ниҳолхонаҳо парвариши тухми писта, бодоми талх ва дигар навъҳои дарахтон роҳандозӣ гардидааст.
Тибқи иттилои директори Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор» Абдумуъмин Ятимов, имрӯз хоҷагӣ бо истифода аз таҷрибаи муосир солона даҳҳо ҳазор ниҳол парвариш намуда, минтақаҳои гуногуни кишварро бо ниҳол таъмин мекунад. Ба гуфтаи ӯ, заминҳое, ки қаблан санглох буданд, имрӯз ба ҷангалзори сабзу хуррам табдил ёфтаанд. Имрӯз дар ҳудуди "Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор" 27 ҳазору 601 гектар ҷангал мавҷуд буда, аз ин 5 ҳазору 604 гектар майдони ҷангалпӯш 3 ҳазору 353 гектар пистазор мебошад. Бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ҷамъоварии тухмии маҳаллӣ дар ниҳолхонаҳои "Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор" парвариши тухми пиставу бодом, ҳамчунин, намудҳои гуногуни дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз ба роҳ монда шудааст.
Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Юсуфзода таъкид намуд, ки ҳифзи ҷангалҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати экологии давлат ба ҳисоб меравад. Ӯ зикр кард, ки дар доираи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026 дар кишвар ҳазорҳо гектар ҷангалзори нав бунёд гардида, миллионҳо бех ниҳол парвариш ва шинонда шуданд. Бо мақсади мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди «иқтисоди сабз», инчунин, Барномаи рушди парвариши павлония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028 амалӣ шуда истодааст. Ҳадафи он васеъ намудани майдони ҷангалзор, таъсиси ҷойҳои нави кор ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳифзи ҷангалҳо на танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҷангал сарвати миллӣ ва кафили муҳити солими зиндагии наслҳои имрӯзаву оянда аст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»