Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРШИНОСОНИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР


Чанде пеш роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба баҳодиҳии фаъолият ва заминаи меъёрӣ дар самти идоракунии хавфҳои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла арзёбии амалии “Сиёсати идоракунии хавфҳо дар БМТ”, такмили низоми идоракунии хавфҳои амалиётӣ, таҳияи нишондиҳандаи хавфпазирӣ (Risk Appetite Framework) ва нишондиҳандаҳои калидии хавфҳои амалиётӣ (KRI), инчунин, роҳҳои коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани механизмҳои идоракунӣ ба стандартҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз ҳамкории пурмаҳсулу гуногунҷанбаи ХБА ва БМТ, ки ҳадафи он рушди идоракунии хавфҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, изҳори ризоият намуда, иброз дошт: «Бонки миллии Тоҷикистон дар самти такмили низоми идоракунии хавфҳо ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, ҳамкориро бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ густариш медиҳад».
Ҳамчунин, Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки истифодаи нишондиҳандаҳои муосири арзёбӣ ва назорати хавфҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми бонкӣ, таъмини суботи молиявӣ ва пешгирии омилҳои манфии хавфҳои эҳтимолӣ аҳамияти зиёд дошта, тавсияҳои коршиносони ХБА ба таҳкими устувории молиявӣ ва такмили низоми муосири идоракунии хавфҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Роҳбари ҳайати коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор Санҷив Матай барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти таҳлилу идоракунии хавфҳо, аз ҷумла хавфҳои амалиётӣ, низоми комплайнс, хавфҳои корреспондентӣ, киберамният, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар бахшҳои марбут ба ин самт, омодагиашро баён намуд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


АЙНӢ. ИҚДОМИ ФАВРӢ БАРОИ РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯ
2-юми июн бар асари боришоти борон дар як қатор деҳаҳои ноҳияи Айнӣ сел омад, ки ба хоҷагии халқ зарари зиёд расонд.

Тибқи маълумот, офати табиӣ ба деҳаҳои Сангистон, Куруд, Зоосун, Хушекат ва қитъаҳое аз шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ зарар расонда, мушкилоти зиёдеро ба бор овард.
Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода, бо мақсади сари вақт бартараф намудани оқибатҳои ин ҳодисаи табиӣ, дар ноҳия ситоди махсуси ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шуда, раванди корҳои барқарорсозӣ зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Барои ҳамоҳангсозии фаъолият ва расондани кумаки зарурӣ гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии раиси ноҳия ташкил гардиданд.
Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулода ҳаҷми умумии зарари расидаро баррасӣ дорад ва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ниҳодҳои дахлдори вилоятиву ноҳиявӣ бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офат сафарбар шудаанд. Корҳои тозакунии роҳҳо, таъмири хатҳои интиқоли барқ ва барқарорсозии зерсохтори зарардида бомаром идома дорад.
Вазъият таҳти назорати доимии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, тадбирҳо барои ҳарчи зудтар ба ҳаёти муқаррарӣ баргардондани мардуми деҳаҳои зарардида андешида мешаванд.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”