Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.


ФИЛВОРДИ «ФУТБОЛ»
Дар ин филворд вожаҳое, ки ба бозии футбол иртибот доранд, ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.


Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон:
935 35 51 50
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР


ХАТОҲОИ ТАҚДИРСӮЗИ СУДӢ
ҲУКМИ ҚАТЛИ БЕГУНОҲ Ё ИШТИБОҲИ ҶУБРОННОПАЗИР
Ҳукми қатли Ҷорҷ Стини дар таърихи судии Амрико то ҳол иштибоҳи фоҷиабортарин ҳисобида мешавад. Замоне ки Ҷорҷ ҳамагӣ 14 сол дошт, ӯро дар қатли ду духтари хурдсол гунаҳкор донистанд. Мурофиаи судӣ хеле зуд ҷамъбаст шуд ва дар зарфи 10 дақиқа нисбат ба айбдоршаванда ҳукми қатл содир гардида, соли 1944 ӯро бо истифода аз дастгоҳи барқӣ куштанд.
Аммо достони Стинии ҷавонмарг бо ҳамин хатм нашуд. Баъд аз 70 сол, яъне соли 2014 парвандаи ӯ аз нав бозбинӣ шуда, суд исбот кард, ки навраси 14-сола комилан бегуноҳ буда, таҳти фишори полис гуноҳро ба гардан гирифтааст.
Таҳияи Фирӯз РАҲМОНИЁН


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
МЭЛ ГИБСОН
Таваккале, ки наздики 400 миллион доллар фоида овард


Сухан дар бораи филми «Шиканҷаи Масеҳо» («Страсти Хрис-товы») меравад, ки машҳуртарин ширкатҳои синамои Ҳолливуд аз ҳамкорӣ бо муаллифи сенария Мэл Гибсон худдорӣ намуда буданд.
Танҳо бовари комили худи филмноманавис ӯро водор мекунад, ки аз кисаи худ тамоми хароҷотро пӯшонда, соли 2004 филмро рӯйи экран оварад. Бовар нокарданист, вале далел аст, ки дар як муддати кӯтоҳ «Шиканҷаи Масеҳо» бештар аз 612 миллион доллари ИМА маблағ ғундошта, шуҳрати ҳунарманди ду карат ҷоизадори «Оскар» Мэл Гибсонро акнун ҳамчун коргардон ва продюссер барои ҷовидонӣ дар таърихи синамои ҷаҳонӣ сабт мекунад.
Ба гуфти худи Гибсон, ӯ барои ин филм тахмин 40 миллион доллар сарф карда, наздики 400 миллион доллар шахсан фоида мебинад.


Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


ЭҲТИЁТ: ГУРБА ҲАМ БА ИНСОН ҲАМЛА МЕКУНАД!
Сокини иёлати Калифорнияи ИМА барои ҳимояи писари панҷсолааш бе ҳеҷ гуна силоҳ бо гурбаи ёбоии Амрико мубориза бурд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CBS Los Angelos хабар дод.
Воқеа дар шаҳри Калабасас рух додааст. Вақти дар ҳавлӣ машғули бозӣ будани писарак ногаҳ гурбаи ёбоӣ пайдо шуда, ба кӯдак дармеафтад ва ӯро то 40 метр ба дурӣ мебарад. Дар ҳамин вақт модар бо ҳайҷон гурбаи ёбоиро дунбол карда, фарзандашро аз ҷанголи ҳайвон раҳо мекунад.
Модар гиряи кӯдакро шунида, аз хона давида баромада, аз пайи ҳайвон медавад ва ба расида гирифтан муваффақ мешавад.
Кӯдакро бо захми сар ва гардан дар беморхона бистарӣ намуданд. Мувофиқи маълумоти шабакаи телевизионӣ дар 20 соли охир ин бори аввал аст, ки ҳамлаи гурба ба одам сабт мешавад.


Таҳияи Кароматулло АТО


ОЁ МЕДОНЕД?
Ғайр аз Китоби сурх, ки олимон аз соли 1958 ба он намудҳои ҳайвонот ва набототи нодирро ворид мекунанд, Китоби сиёҳ низ мавҷуд аст. Ба он номгӯйи ҳайвонот ва рустаниҳое ворид шудаанд, ки кайҳо дар рӯйи замин вуҷуд надоранд. Олимон бар ин назаранд, ки сабаби нестшавии онҳо ба фаъолияти зиёнкоронаи инсон вобаста мебошад.


Таҳияи Кароматулло АТО


ҲИКМАТҲО АЗ ДЕЙЛ КАРНЕГИ
Яке аз роҳҳои пайдо намудани хушбахтӣ ин аст, ки шумо бояд идора кардани афкори худро омӯзед. Зеро хушбахтӣ аз олами берунаву шароитҳои он вобаста нест, балки ба низоми ботинии ҳар як шахс бастагӣ дорад.


* * *
Танқид мисли кабӯтари хаткаш аст: ҳар куҷое парвоз кунад, ҳатман бармегардад.
* * *
Фаромӯш накунед: то ҳол касе аз бехобӣ намурдааст. Ташвиши аз ҳад зиёд аз бехобӣ зиёновартар аз худи бехобист.


Таҳияи Кароматулло АТО


ЯК ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ
Профессор ба синфхона даромада, як зарфи калони шишагиро рӯйи миз гузошт. Дохили онро бо санг пур кард ва пурсид: "Зарф пур шуд?". Донишҷӯён гуфтанд: "Бале". Ӯ бо нигоҳи маънодор дар идомаи дарс, сангрезаҳои хурдро ба дохили зарф рехт, сипас бо андохтани рег тамоми холигоҳҳои шишаро пур кард. Дар охир, профессор ду пиёла қаҳваро ба даруни зарф рехт.
Профессор пурсид: «Чӣ фаҳмидед?». Ҳама хомӯш. Пас гуфт: "Зарф ҳаёти шумост. Сангҳо - оила, саломатӣ ва фарзандон. Сангрезаҳо - кор ва хона. Рег - чизҳои майда-чуйда.
Донишҷӯе пурсид: "Қаҳва чӣ?".
Профессор табассум карда, ҷавоб дод: "Новобаста аз пур будани паймонаи ҳаёт, барои бо дӯстон қаҳва нӯшидан ҳамеша вақт пайдо мешавад".


Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР


ЗАМИН ДАР ЗЕРИ БАҲР
Дар Ҷопон зери обҳои баҳрӣ, дар чуқурии тақрибан панҷ метр чеҳрае бо исми Ocean Gaia (Гайаи Уқёнус) ҷойгир аст, ки гӯё бо баҳр дар ҳамбастагӣ нафас мегирад. Ин муҷассамаро рассоми бритониёӣ Ҷейсон деКайрес Тейлор офаридааст, ки аз вижагиҳои ҳунарпеша ва модели ҷопонӣ - амрикоӣ Кико Мизухара илҳом гирифтааст. Аммо ин на танҳо як чеҳра, балки рамзи Модар - Замин, ҳаёт ва табиат аст, ки тамоми мавҷудоти зиндаро ба вуҷуд овардааст.
Муҷассама аз маводи махсуси экологӣ, ки барои уқёнус бехатар ва барои рушди ҳаёти баҳрӣ мувофиқанд, сохта шудааст. Вақте муҷассамаро зери об гузоштанд, намуди баҳр тағйир ёфт, мисле ки онро ба як қисми олами зериобӣ табдил дод.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ОДАМУ ОЛАМ
23 дарсади сокинони Сайёра манзили зист надоранд
Аз шумораи умумии аҳолии Сайёра, ки беш аз 8 миллиард нафар аст, 77 дарсад хонаи истиқоматӣ дошта, 23 фоизи аҳолӣ бе манзили зист аст. 51 фоиз шаҳрнишин буда, 49 дарсади сокинон дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Минтақаи Осиё сернуфустарин қитъаи олам буда, 60 дарсади аҳолии кураи Заминро дар худ ғунҷондааст. Аз ҷамъи сокинони Сайёра 12 фоиз бо забони чинӣ, 5 фоиз испанӣ, 5 фоиз англисӣ, 3 фоизӣ бо забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, банголӣ ва португалӣ, 2 фоизӣ бо забонҳои русиву ҷопонӣ ва 62 дарсади дигар бо забонҳои миллии худ ҳарф мезананд.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МЕБАХШЕД Ё КӢ АЗ КӢ ҚАРЗДОР?
– Мебахшед, ҳамон хоҳиши ман чӣ шуд?
– Кадом хоҳиш?
– Қарзатонро баргардонед гуфта будам-ку ҳафтаи гузашта.
– Боз чӣ гап, наход ҳамин қадар зарур бошад? Ростӣ, безор кардед.
– Бемор дорам, бародар. Яку ним сол қарзатро деҳ гуфта, напурсидам-ку.
– Хай, одам бояд барои рӯзи мабодо хазина дошта бошад. Айби худатон, дурандеш, ки нестед, дар чунин ҳолатҳои ғайриинтизор лол мемонед.
– Мебахшед бародару лекин ман аз шумо қарздор ё шумо аз ман?!


Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


РОССИНИ Ё ДӮСТӢ БА ХОТИРИ НАДОДАНИ ҚАРЗ
Боре аз оҳангсози маъруфи итолиёвӣ Россини мепурсанд, ки чанд нафар аз дӯстони воқеан наздикашро номбар кунад.
– Ротшилд ва Агуадо, – посух медиҳад оҳангсоз.
– Охир, инҳо ҳар ду капиталистанд-ку. Аз афташ шумо дониста бо чунин шахсиятҳо ошноӣ мекунед, ки дар ҳолати зарурӣ маблағ пурсида истед.
– Тамоман баръакс, – мегӯяд Россини, – ман барои он бо сарватмандон дӯстӣ мекунам, ки қарз напурсанд.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА


ЯК ДАРАХТ – ЯК ЗИНДАГӢ
Рӯзе писарбачае бо номи Фарид дар роҳ ба мактаб шохаи хурди дарахтеро дид, ки бар асари шамол шикаста буд. Ӯ онро аз замин бардошта, дар канори хонааш шинонд ва ҳар рӯз об медод.
Солҳо гузаштанд. Ниҳоли хурд ба дарахти бузургу сабз табдил ёфт. Дар рӯзҳои гарми тобистон одамон дар сояи он истироҳат мекарданд, парандагон дар шохаҳояш лона месохтанд ва кӯдакон дар атрофаш бозӣ мекарданд.
Як рӯз Фарид ба дарахт нигариста, фаҳмид, ки кори хурди ӯ ба бисёр одамон ва ҷонварон фоида овардааст. Ӯ ба фарзандонаш гуфт:
— Агар ҳар кас танҳо як дарахт шинонад ва табиатро дӯст дорад, ҷаҳон боз ҳам зеботар мегардад.


ҲИКМАТ: ҳифзи муҳити зист аз корҳои хурд оғоз меёбад. Ҳар дарахти шинондашуда қадаме барои ояндаи сабзу солим аст.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


Ду далели аҷиб аз рӯзгори ду чеҳраи шинохта
Ҷон Рокфеллер орзуи 100 ҳазор доллару 100 сол умр диданро дошт, вале пулаш зиёду умраш ба марзи садсолагӣ нарасид. Сарваташ ба 192 миллион доллар расиду 97 сол умр дид.
Пол Маккартни дар синни 14-солагӣ модарашро аз даст дод. Ҳашт сол дар сӯзи фироқи модар ранҷ кашид. Рӯзе модарашро дар хоб дид, ки мегуфт: “Ғамгин нашав, зиндагиатро давом деҳ. Бигзор бошад”. Пас аз бедор шудан, Макартни таронаи видоъ “Let it be» (Бигзор бошад)-ро навишт, ки дар саросари ҷаҳон ба хит табдил ёфт.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


Дар Мянмар ёқути 2,2-килограмма кашф шуд
Мақомоти Мянмар аз кашфи як ёқути бузург бо вазни 11,000 карат (2,2 кг) хабар дод.
Тибқи гузоришҳо, санги сурху арғувонӣ хеле калон ва нодир аст. Бо сабаби ранг ва сифати худ, он нисбат ба ёқути 21,450-каратӣ, ки соли 1996 ёфт шуда буд, қиматтар аст.
Мянмар арзиши тахминии сангро мушаххас накардааст, аммо соли 2015, як ёқути 25,59-каратӣ аз Мянмар дар музоядаи “Sotheby's”-и Женева ба маблағи 30,33 миллион доллари ИМА фурӯхта шуда буд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ


АЗ ФАЪОЛИЯТИ САРМУРАББИҲОИ КОМЁБ
ВИСЕНТЕ ДЕЛ БОСКЕ ГОНСАЛЕС
Висенте дел Боскеи испанӣ дар корномаи сармураббигиаш ба дастовардҳое ноил гаштааст, ки то ҳол ба ҳеҷ сармураббии дигар муяссар нашудааст. Аз ҷумла, ӯ ягона сармураббиест, ки ҳам дар чемпионати ҷаҳон (2010) ва ҳам дар чемпионати Аврупо (2012 бо тими миллии Испания), инчунин, дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо (1999/2000, 2001/2002 «Реал») унвони қаҳрамониро ба даст овардааст.
Висенте дел Боске аз рӯйи фарзияи УЕФА Сармураббии сол (2002), тибқи фарзияи IFFHS Беҳтарин сармураббии тими миллӣ (2009, 2010, 2012, 2013), Сармураббии соли ФИФА (2012) ва аз рӯйи фарзияи World Soccer Сармураббии сол (2012) эътироф шудааст.


Аз русӣ тарҷимаи С. АШУРОВ


Дар Руминия ба одамони танбал чиптаи автобус намедиҳанд
Дар шаҳри Клуж-Напокаи Руминия барои мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ усули нави нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солимро ба роҳ монданд. Дар нуқтаҳои фурӯши чипта ба автобусҳо дастгоҳи худкоре насб шудааст, ки мусофир танҳо бо анҷом додани 20 нишасту хест (приседание) чиптаро ба даст оварда метавонад. Ин амал бояд дар 2 дақиқа анҷом шавад, вагарна чипта дода намешавад.
Чунин ташаббус барои тарғиби варзиш ва солимгардонии аҳолӣ роҳандозӣ гардида, нахустин таҷриба ҳанӯз соли 2020 дар доираи ҳафтаи варзиши Аврупо сурат гирифт.
Таҳияи Б. РАҲМОНШОЕВА


ТИҶОРАТИ БУЛАҶАБУ НОГУФТАИ АСРИ ХХ
Соли 1975 марди амрикоӣ Гари Далл аз фурӯши сангҳои одӣ миллионҳо доллар ба даст овард. Идеяи сангфурӯшӣ зимни як нишасти дӯстона ҳамчун шӯхӣ ба миён омада, баъдан бо номи «Pet Rock» тиҷорати шигифтангез шуд.
Ҳамааш дар суҳбати Гари Далл бо дӯстонаш перомуни хариду фурӯши чорво ва суду зиёни он сар зад. Дӯстон аз машаққати чорвопарварӣ ва савдои он суҳбат мекарданд. Далл пешниҳод кард, ки тиҷорати беҳтарин санг аст, мисли чорво ба хӯрока ниёз надорад, садо намебарораду бемор намешавад ва ҳеҷ гоҳ гурехта намеравад.
Ҳамин як шӯхӣ сабаб шуду сангфурӯшӣ бо усули ғайриодӣ оғоз ёфт. Худи Гари Далл дар ин самт пешкор гардида, сангҳои одиро дар қуттиҳои махсуси коғазӣ бо сӯрохиҳои ҳавокаш ва дастурҳои шӯхиомези парвариши ҷисмҳои беҷон мефурӯхтанд.
Ин тиҷорати булаҷаб яке аз рӯйдодҳои ногуфтаи асри ХХ аст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


КУҲАНСОЛТАРИН ДОНИШҶӮЙ Ё ОҒОЗИ ФАСЛИ НАВИ ЗИНДАГӢ БАЪД АЗ 83-СОЛАГӢ
Рафаэл Агирреи 83-сола моҳи майи соли 2025 Коллеҷи Техаси ИМА-ро дар ҳоле хатм кард, ки ҳамсабақонаш ҳамсоли абераҳояш буданд. Солҳо пеш, ӯ аз музофоти Чиуауваи Мексика ба Амрико ҳиҷрат карда, шароити сахти зиндагӣ ва таъмини оила намегузошт, ки орзуи хондану соҳибмаълумот шуданаш барвақттар амалӣ гардад.
Рафаэл баъд аз гирифтани дипломи Коллеҷ, ҳамчун калонсолтарин хатмкунанда дар таърихи ин муассисаи таълимӣ сабти ном шуда, иродаи бешикасташ дар роҳи донишандӯзӣ намунаи ибрат дониста мешавад. Ӯ таъкид кардааст: “Агар ман тавонистам, шумо низ метавонед. Барои омӯхтан ҳеҷ гоҳ дер намешавад”.
Таҳияи С. СУННАТӢ


ДИҚҚАТ!
РУБРИКАИ НАВ
10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ БАЪД АЗ КАРЙЕРА АЗ ФУТБОЛ ДУР ШУДАНД
Бисёр варзишгарон баъди анҷоми карйераи бозигариашон мураббӣ ё менеҷер шуда, фаъолияташонро идома медиҳанд. Аммо баъзе бозигарон касберо интихоб кардаанд, ки фарсахҳо аз футбол дуранд. Зери ин рубрика 10-гонаи чунин футболбозон пешниҳод мешавад.


10. Дани Освалдо


Бозигари собиқи клубҳои “Ювентус” (Италия) ва “Саутгемптон” (Англия)
ва тими миллии Италия дар 30-солагӣ карйераашро ба анҷом расонда, ба мусиқии рок пайваст.


Таҳияи У. САФАРАЛӢ