5-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кипр ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
“Мо ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он манфиатдорем”, – иброз доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимнан, алоқамандии Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо Кипр дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб иброз гардид. Тавре таъкид шуд, Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкориро бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад ва манфиатдор аст, то рӯзномаи ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёбад.
Аҳамияти пешбурди минбаъдаи муколамаи доимии сиёсӣ ва ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Кипр дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ, бахусус СММ, аз ҷумла дар масоили обу иқлим, зикр гардид.
Масоили ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буданд.