Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонӣ дар маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардида, инчунин, аз рафти татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ боздид намуд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ба масъулини соҳа барои бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи муосир бунёд кардани манзилҳо ва фароҳам овардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ барои сокинон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз рӯзҳои аввали ба амал омадани офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои зарардида ёриҳои ҳамаҷониба расонда, барои бартараф намудани оқибатҳои офат тадбирҳои фаврӣ андешидааст.
Зимни боздид аз маҳаллаҳои зарардида мушоҳида гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар аксари нуқтаҳо бо ҷалби мутахассисон ва бинокорони маҳаллӣ шабонарӯзӣ идома дошта, барои ҳарчи зудтар ба истифода додани хонаҳои нав тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд. Ҳамзамон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷараёни корҳои барқарорсозиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таъмини ниёзҳои аҳолии зарардида чораҳои иловагӣ меандешанд.
Сокинони маҳаллаҳои осебдида аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дастгириҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳори сипосу қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки маҳз ба шарофати чунин дастгириҳо имрӯз бо умеду боварӣ ба оянда зиндагӣ карда, манзилҳои худро аз нав бунёд менамоянд.
Дар идомаи сафар Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои таъмиру навсозии варзишгоҳи «Кӯлоб Арена» шинос шуд. Масъулин иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, барои ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани иншоот тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Раиси вилоят барои босифат ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳои иловагӣ дод. Давлаталӣ Саид, ҳамчунин, аз корҳои асфалтпӯшкунии роҳи мошингард ба масофаи 6 километр дидан намуда, ҷиҳати мутобиқ кардани роҳ ба талаботи байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои роҳсозӣ ба масъулин маслиҳатҳои муфид дод.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"