Дар ҷаҳони муосир масъалаи об ба яке аз муҳимтарин мавзуъҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Афзоиши аҳолии ҷаҳон, тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои оби тоза, хушксолӣ ва ифлосшавии манбаъҳои обӣ ҷомеаи байналмилалиро водор намудааст, ки барои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об тадбирҳои муассир андешанд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва иқлим дар арсаи байналмилалӣ мавқеи фаъол дорад. Бо ибтикор ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли мушкилоти таъмини оби тоза ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ мубаддал гардидаанд.
Дар ҳақиқат, масъалаи об ба яке аз мушкилоти ҷиддии инсоният табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз зиёда аз 2 миллиард аҳолии ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасии кофӣ надорад. Ҳамчунин, беш аз 4 миллиард сокини баъзе қитъаҳо дар фаслҳои бебориши сол аз норасоии шадиди об ранҷ мебарад. Дар кишварҳои Африқо, Ховари Миёна ва баъзе минтақаҳои Осиё хушксолӣ ва камобӣ ба мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ табдил ёфтааст.
Коршиносони байналмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки агар ҷомеаи ҷаҳонӣ истифодаи оқилонаи обро таъмин накунад, дар даҳсолаҳои оянда эҳтимоли сар задани буҳронҳои шадиди вобаста ба об хеле зиёд мегарданд. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти об аҳамияти ҳаётӣ доранд ва имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ниёз дорад. Масъалаҳои вобаста ба обро ягон давлат танҳо ҳал карда наметавонад. Ин аст, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва таъмини истифодаи одилона ва оқилонаи захираҳои обӣ аҳамияти махсус доранд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дорои захираҳои фаровони обӣ аст. Тақрибан 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва зиёда аз 25 ҳазор дарё, беш аз 1300 кӯл ва ҳазорҳо пиряхҳо мавҷуд мебошанд.
Дарёҳои бузурги Тоҷикистон: Ому, Сир, Вахш, Панҷ, Зарафшон ва Кофарниҳон на танҳо барои кишвар, балки барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ доранд.
Кӯлҳои Тоҷикистон низ дорои аҳамияти бузурги экологӣ ва сайёҳианд: Сарез, Искандаркӯл, Қарокӯл, Яшилкӯл ва дигар кӯлҳои мамлакат ҳамчун ганҷинаҳои нодири табиат шинохта мешаванд. Кӯли Сарез, ки дар натиҷаи заминларзаи соли 1911 ба вуҷуд омадааст, имрӯз яке аз калонтарин обанборҳои табиии минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар умум, метавон гуфт, ки обро мардуми тоҷик аз қадимулайём ҳамчун неъмати муқаддас эҳтиром менамоянд. Дар фарҳанги мо – тоҷикон, об рамзи покӣ, зиндагӣ ва ободонӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим эътироф гардидааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон на танҳо ба манфиати кишвар, балки ба нафъи тамоми инсоният равона шудаанд ва дар шароити ҷаҳони муосир ҳифзи захираҳои обиву истифодаи оқилонаи он вазифаи ҳар як давлату ҳар як сокини сайёра мебошад, зеро об сарчашмаи ҳаёт, асоси рушди устувор ва кафили ояндаи хушбахтонаи башарият аст.
Қурбон АҲМАДЗОДА,
сардори Маркази матбуоти
ҶСК “Барқи тоҷик”