ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР НИЗОМИ БОНКӢ
Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои молиявию бонкӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода, менеҷери генералии раёсати захираҳои инсонӣ Лю Соншен, менеҷери генералии раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Хоу Гуйфенг, мутахассиси калони раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Тао Айсу, мутахассиси калони Дастгоҳи марказӣ Юан Е ва роҳбари намояндагии Бонки кишоварзии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чжу Ҷиҷун, инчунин, роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои байнибонкӣ, густариши муносибатҳои муросилотӣ, дастгирии сармоягузорӣ, маблағгузории тиҷорат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар бахши бонкӣ, тақвияти идоракунии хавфҳо ва тавсеаи ҳамкориҳо дар самти рушди инфрасохтори молиявиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Фирдавс Толибзода аз саҳми Бонки кишоварзии Чин дар рушди муносибатҳои молиявии ду кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими стратегӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявӣ пайваста тавсеа меёбанд.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ҳамкории бонкҳои Чин ва ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон солҳои зиёд идома дошта, барои рушди савдо ва сармоягузории байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ифтитоҳи филиали бонкҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро боз ҳам тавсеа мебахшад.
Дар идома Фирдавс Толибзода ҳайати Бонки кишоварзии Чинро бо вазъи макроиқтисодӣ ва бахши молиявии кишвар шинос намуд. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон суръати баланди рушди иқтисодӣ ва сатҳи муътадили таваррум нигоҳ дошта шуда, низоми бонкӣ устувории худро тақвият медиҳад.
Раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу дар навбати худ ба дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, омодагиашро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешрафтаи бонкдорӣ, рушди “иқтисоди сабз”, рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, таҳкими низоми киберамният, такмили механизмҳои комплайенс ва афзудани иқтидори касбии мутахассисон, инчунин, тақвияту таҳкими робитаҳои иқтисодии ду кишварро дар бахши молиявӣ иброз дошт.
Ҷонибҳо бори дигар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва аҳамияти таҳкими робитаҳои байнибонкӣ, бахусус истифодаи имкониятҳои навро барои рушди муносибатҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистону Чин таъкид карданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”