Баргашт Чоп кардан

Нахустин ҷаласаи раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» доир гашт


Тавре Кумитаи кор бо занон ва оила хабар дод, мақсад аз баргузории ҷаласа муттаҳид сохтани неруи занони фаъоли мамлакат барои саҳмгузории бештар дар ободонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Ҳайати раёсати Шурои марказӣ иборат аз 24 нафар ва аъзои он аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иборат аз 452 нафар интихоб гардиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба расму ойинҳои миллӣ, фарҳанги муошират, нақши занону модарон дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ барои пешгирии таассубу ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб муҳокима шуд.


Ҳамоиши илмӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – шоҳкории Пешвои миллат” ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор шуд.
Ректори Донишгоҳ Убайдулло Асрорзода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки бо ба даст омадани ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи нав оғоз ёфт. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризояти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи сарвари хирадманд – меъмори кохи ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дуруст ва бебозгашт аст.
Муовини якуми раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, раиси шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ Ғайбулло Афзалов доир ба моҳияти ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳу осоиштагӣ, некуаҳволии халқ ва комёбиҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ибрози андеша карданд.


ХОРУҒ


Ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони "Бузургонро бузургон зинда медоранд"
Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Хоруғ Ғолиб Ниятбекзода, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Шодигул Қонунзода ва набераи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур Давлатбегим Саломатшоева суханронӣ намуданд.
Ҳамоиши мазкур дар пайравӣ ба ташаббуси наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати овардани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва маорифпарвар Нисор Муҳаммад ба Ватан ташкил шуд.


БОХТАР
Конфронс таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад»
Конфронс бо ташаббуси кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон доир шуд.
Изҳор гардид, ки қаҳрамонони Тоҷикистон бо ҷоннисорӣ, хизматҳои содиқона ва саҳми арзанда дар роҳи ҳифзи давлату миллат дар саҳифаҳои таърих номи нек боқӣ гузоштаанд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба хотираи онҳо барои насли имрӯз ва фардо сабақи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.


Шоми фарҳангии ҳунармандони шаҳри Ваҳдат дар Душанбе
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузории рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар пойтахт оғоз гардид, ки то моҳи сентябр идома меёбад.
Дар ин робита, шоми 7-уми июн дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Ваҳдат доир гашт.
Дар доираи ин чорабинӣ, намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт шуданд.


РАШТ
Истеҳсоли 18 тонна пилла дар назар аст
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт тасмим гирифтаанд, ки имсол истеҳсоли пилларо ба 18 тонна расонанд.
Намояндаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Рашт Сайаттор Халилов ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки пиллапарварони ҷамоатҳои деҳоти Нусратулло Махсум, Оби Меҳнат ва Тагоба ба ҷамъоварии пилла оғоз бахшиданд.


Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея – 2026 баргузор мегардад
Фестивал 17 – 18-уми июн бо мақсади таҳкими ҳамкории фарҳангии дуҷониба, шиносоии бештар бо фарҳангу санъати кишварҳо ва табодули таҷриба баргузор мешавад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Корея 27-уми апрели соли 1992 барқарор гардида буд. Дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии ду давлат, дар тамоми соҳаҳо, хоса соҳаи фарҳанг, муносибатҳои мутақобили судманд ба роҳ монда шудаанд.