САНГ
Қиблагоҳи ман бувад бар сӯи санг.
Такягоҳи ман бувад зонуи санг.
Чашмаи чашмони ман ҳар субҳгоҳ
Сар ба поён мефитад аз кӯи санг.
Кабки хушилҳони истеъдоди ман
Ҳаст доим мунису дилҷӯи санг.
Маст афтода сари кӯҳи баланд
Оҳуи ашъори ман аз бӯи санг.
Шаҳпалангам, сокиту хомӯш, лек
Масту махмурам зи гуфтугӯи санг.
Ишқи ман дар кӯҳсорон гул кунад,
Баргирифта атр аз ҳулбӯи санг.
Асрҳо баъд аз сари Фарҳод, бин,
Шир меояд кунун аз ҷӯи санг.
Санг буда сангари номуси ман,
Зиндагӣ кардам ман аз ворӯи санг.
Сӯи шаҳри худ махонам, ай рафиқ,
Ман нахоҳам рафт аз паҳлуи санг
Хор месабзад ба водии васеъ
Лолаи оташ бирӯяд рӯи санг.
ТО ҶОЙГОҲИ ХЕШ БИЁБАД ЗАБОНИ Ӯ...
Пеш аз он, ки мусулмон бошам, ман тоҷикам!
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷон дар бадан даромаду боре ғазаб накард,
Тарки қафас ба лаҳзае бе ҳукми Раб накард.
Сад бор ҷони ман ба лаб омад, вале, чи хуш
Як бор ҳам ҳавои паридан зи лаб накард.
Азбаски буд ҳастии ман ҷаннати сухан,
Чизе дигар равони ман аз Ҳақ талаб накард.
Шоир манам ба ҳифзи Ватан ҳамчу Рӯдакӣ
К-ӯ дида бохт, лек назар бар араб накард.
Ҷон бохт дар сиёҳиву дар тирагии чашм
Дар шеъри хеш шиква валекин зи шаб накард.
Хоки Аҷам ба дидаи худ кард тӯтиё,
Мили Аҷам ба дида хариду аҷаб накард.
То ҷойгоҳи хеш биёбад забони ӯ
Тарки араб намудаву тарки адаб накард.
Нозам ба миллате, ки пазируфт дини нав,
Аммо ҷудоӣ ҳеҷ зи аслу насаб накард.
ГУЛ
Ватан дорам зи бас андар миёни боғҳо чун гул,
Чи хушбахтам, ки берунам зи қайди зоғҳо чун гул.
Табассум рӯи лаб дорам, ки танҳо Шед медонад,
К-аз ин шодӣ бувад дар синаи ман доғҳо чун гул.
Хушомади АЛИДОД,
котиби масъули шуъбаи ИНТ
дар Бадахшон, барандаи Ҷоизаи адабии
ба номи Мирзо Турсунзода