МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ 25-УМИ ОЗМУНИ ҶАҲОНӢ
Даври ниҳоии даъвати 25-уми Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо ҳамкории Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» ғолибони худро муайян кард.
Дар чорабинӣ мушовири Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ван Гуочун, ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода, директори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «МИСИС» дар шаҳри Душанбе Муминҷон Анварович, котиби якуми раёсати давлатҳои Осиё ва уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Умеда Аҳмадова, раиси Иттиҳодияи чиниҳои муқими Тоҷикистон Кан Чжунюй, раиси Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон Ли Бин, директори Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи кӯҳӣ - металлургӣ аз ҷониби Чин Сун Даман, директори Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода Маҳина, директори Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ аз ҷониби Чин Сун Ҷин, намояндагони корхонаҳои чинӣ дар Тоҷикистон, инчунин, 500 устоду шогирди Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ ва марказҳои таълимии он иштирок доштанд.
Илҳомуддин Иброҳимзода қайд кард, ки Озмуни «Пули забони чинӣ» на танҳо мусобиқаи маҳорати забондонӣ, балки дар заминаи таҳкими пайвастаи шарикии стратегии Тоҷикистону Чин аҳамияти хос дорад. Вай натиҷаҳои сафари Президенти Тоҷикистон ба Чинро муаррифӣ карда, суръати баланди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва таълимии ду кишварро таъкид намуд ва баргузории намоишгоҳи ҷойҳои кории корхонаҳои чиниро дар ҳошияи Озмун мусбат арзёбӣ намуд.
Ван Гуочун дар суханронии худ ба Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос намуда, натиҷаҳои муҳими сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Чинро ёдовар шуд. Вай таъкид кард, ки сарварони ду давлат ба мубодилаи байни ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби Чин минбаъд низ нақши донишкадаҳои Конфутсий, коргоҳҳои Лу Бан ва дигар платформаҳоро тақвият ёфта, стипендия ва имкониятҳои омӯзишии бештар фароҳам оварда мешаванд. Ӯ иштирокчиёнро ташвиқ намуд, ки ба дӯстии наслҳо ва сохтмони муштараки «Як камарбанд, як роҳ» саҳм гузоранд.
Ҳашт довталаб аз ДМТ, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров ва ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода дар чор марҳала донишу малакаи хешро намоиш доданд. Дар марҳалаи нахустин нақл дар мавзуи «Як ҷаҳон, як оила» бо забони чинии равон ва эҳсосоти самимӣ, намоиши ҳунар, стендап-шоу, қироати шеър, сурудхонӣ ва тасвиргарии чинӣ ба доварону ҳозирон пешниҳод шуданд.
Дар идома 6 кас ба даври дуюм роҳ ёфт.
Марҳалаи дуюм «Пешрафти босуръат» ном дошт. Довталабон дар вақти муайян тасвирҳои интихобкардаашонро ба таври равон ва дақиқ шарҳ дода, андешаҳои худро дар атрофи мавзуъҳои алоқаманд васеъ баён мекарданд. Пас аз рақобати шадид, 4 кас ба марҳалаи сеюм роҳ ёфт.
Марҳалаи сеюм «Рақобати рӯ ба рӯ» унвон дошт ва бо низоми комилан нав баргузор шуд. Чаҳор номзад аз рӯйи қуръакашӣ ба ду гурӯҳ дар рақобат тақсим шуд. Онҳо дар мавзуи «Оё абзорҳои зеҳни сунъӣ барои таҳсили донишҷӯён бештар фоида доранд ё зарар?» бо забони чинӣ мубоҳисаи ҷолиб анҷом доданд. Дар натиҷа, ду кас ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Марҳалаи чорум «Ба даст овардани пирӯзӣ» буд. Ду кас бояд ба 20 савол аз бахшҳои забоншиносӣ, адабиёт, санъат, таърих, ҷуғрофия ва технологияи Чин посух медод. Натиҷаҳо чунин эълон шуданд:
Сазовори ҷойи якум Аминҷон Шаропов аз ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода, барандаи ҷойи дувум Анора Наҷмуддинова аз Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва шарафёби ҷойи сеюм Аҳрор Ғаффоров аз ДМТ ва Муҳаммадсолеҳи Синозод аз Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон буданд.
Ҳамин тавр, Меҳрангез Баҳромзода дар номинаи “Намоиши беҳтарин”, Кабир Муродзода дар номинаи “Суханвари беҳтарин”, Шаҳзода Муродова дар номинаи “Маҳбубияти бештар”, Ҳусейн Мадаминов дар номинаи “Шукӯҳи беҳтарин” пирӯз дониста шуданд.
Дар асоси натиҷаҳои овоздиҳии онлайнӣ, ки қаблан миёни 15 довталаб гузаронда шуда буд, Муҳаммадсаид Сониев, Имрон Одиназода ва Кабир Муродзода сазовори ҷоизаи «Беҳтарин маъруфият дар интернет» гардиданд.
Илова бар рақобати пуршиддату ҳаяҷонбахш, дар ҷараёни чорабинӣ барномаҳои рангини фарҳангиву ҳунарӣ низ пешкаш гардиданд. Рақси пурнишоти тоҷикӣ фазои толорро пур аз шавқу ҳаяҷон кард, суруди лирикии русӣ ҳозиринро мафтун сохт, инчунин, рақсҳои яккаи «Лохуа Си-Марсияи гулҳои резон» ва «Фугуан-Нури шинокунанда» бо ҳаракатҳои нозуку зебои худ ҷаззобияти вижаи ҳунариро нишон дода, ба Озмун фазои гарми фарҳангӣ бахшиданд.
Озмуни «Пули забони чинӣ» на танҳо барои дӯстдорони забони чинӣ дар Тоҷикистон майдони васеи намоиши истеъдод гардид, балки ба бинандагон имкон дод, то аз ҷаззобияти беназири забону фарҳанги чинӣ баҳра баранд. Ин чорабинӣ бори дигар самараи шоистаи ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистонро дар самти омӯзиш намоиш дод.
ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИИ НАЗДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН