Баргашт Чоп кардан

АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони истиқлол масъалаи эҳёи арзишҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллатро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ қарор доданд. Дар заминаи ҳамин сиёсати фарҳангмеҳвар ва маърифатсолорона чеҳраҳои мондагори таърихи тоҷикон аз Имоми Аъзам ва Ҷалолиддини Балхӣ то Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандию Абуалӣ ибни Сино дубора ба меҳвари худшиносии миллӣ ва муаррифии байналмилалии тоҷикон табдил ёфтанд.
Дар ҳамин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 2026 “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” рӯйдоди муҳими сиёсиву фарҳангӣ ва илмии сатҳи байналмилалӣ ба шумор меравад. Ин иқдоми таърихӣ бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат сиёсати фарҳангии худро на танҳо ҳамчун унсури ҳифзи ҳувияти миллӣ, балки ҳамчун воситаи муассири муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ амалӣ менамояд.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба нобиғаи бузурги башарият шайхурраис Абуалӣ ибни Сино мебошад, ки бо осори ҷовидонаи худ ба таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири амиқ гузоштааст. Ин Ҷоиза рамзи эҳтироми давлат ва миллат ба илм, маърифат ва инсонгароӣ буда, айни замон паёми фарҳангии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон аст.
Воқеан, вақте инсоният имрӯз бо таҳдидҳои нав: бемориҳои сироятӣ, буҳронҳои экологӣ ва мушкилоти равонӣ рӯбарӯст, бисёре аз андешаҳои Ибни Сино аҳамияти тоза касб менамоянд. Ӯ ҳанӯз ҳазор сол қабл масъалаҳои муҳити зист, ғизои солим, беҳдошт, мувозинати ҷисму руҳ ва пешгирии бемориҳоро асоси саломатии инсон медонист.
Ин аст, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ӯ танҳо як иқдоми рамзӣ нест, балки иқдоми дорои аҳамияти стратегӣ барои рушди илми тиб, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули дипломатияи илмӣ мебошад.
Абуалӣ ибни Сино тули умри кӯтоҳ, вале пурбаракати худ беш аз 450 асар таълиф намудааст. Осори ӯ тамоми соҳаҳои донишро дар бар мегиранд, аммо маҳз китоби безаволи “Ал-Қонун фи-т-тиб” ӯро ба яке аз бузургтарин чеҳраҳои таърихи тиб табдил дод. Ин асар тули чандин аср дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби асосии тиб омӯзонда мешуд ва ба ташаккули илми тиб таъсири амиқ гузошт.
Ибни Сино аз аввалин нафароне буд, ки аҳамияти пешгирии беморӣ, риояи тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст ва таъсири муҳити зистро ба саломатии инсон аз нигоҳи илмӣ шарҳ дод. Имрӯз бисёре аз ин назарияҳо дар тибби муосир ҳамчун усулҳои пешрафтаи саломатии ҷамъиятӣ истифода мешаванд.
Ӯ дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” менависад, ки табиб бояд на танҳо бемориро, балки худи инсонро табобат намояд. Ин андешаи амиқи инсонмеҳвар имрӯз низ асоси тибби муосирро ташкил медиҳад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз номи Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эҳтироми хоса пос дошта мешавад. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи ӯро дорад; ҳамасола рӯзи таваллуди ӯ 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад ва осори ӯ мавриди омӯзиши амиқи илмӣ қарор дорад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб марҳалаи нави муаррифии тамаддуни тоҷикон ва мактаби илмии ниёгони моро дар сатҳи ҷаҳонӣ оғоз менамояд. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи бузурги илмӣ буда, имрӯз низ метавонад дар ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният саҳми арзанда гузорад.
Бо итминон метавон гуфт, ки ин ташаббуси таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба рушди илми тиб ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард, балки ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фарҳангсоз, маърифатпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.


Муҳиддин Нуриддин ДАВЛАТАЛӢ,
ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
ба номи Абуалӣ ибни Сино,
доктори илмҳои тиб, профессор