Баргашт Чоп кардан

ВМКБ. АВЛАВИЯТ БА ТАҲКИМИ ОМОДАГИҲО БА ЗИМИСТОН


Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2026, таҳти №178 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026 – 2027” дар ҷаласаи кории назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Аз рӯйи масъала муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода баромад намуда, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки феълан кашондани ангиштсанг барои муассисаҳои таълимии ноҳияи Мурғоб оғоз гардидааст. Тибқи нақшаи кории мақомоти дахлдор, дар вилоят барои зимистонгузаронӣ захира намудани 38938,9 тонна ангиштсанг, 51127,6 метри мукааб ҳезум ва 105225 литр сӯзишвории дизелӣ, дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши шаҳру ноҳияҳои вилоят 29036,3 тонна орд, 3364,9 тонна равған, 2821,4 тонна биринҷ, 95032,1 тонна шакар, 3127,7 тонна пиёз, 19225,7 тонна картошка ва 261557 қуттии шартӣ консерва пешбинӣ гардидааст. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои вилоятӣ ҷиҳати захира намудани сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал нақшаи корӣ таҳия шуда, дар асоси он кор ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят 80 ва соҳаи тандурустӣ 46 генератори барқӣ мавҷуд аст, ки дар сурати дар пайи ягон садамаи барқӣ қатъ гардидани неруи барқ аз онҳо истифода мебаранд. Бо ин мақсад, дар муассисаҳо ба миқдори зарурӣ бензин ва солярка захира, карда мешавад.
Аз тарафи намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят барои аҳолӣ 410 тонна орди навъи якум, 51,6 тонна орди навъи дуюм, 11,7 тонна гандум, 26,1 тонна шакар, 10,2 тонна биринҷ, 3091 литр равғани рустанӣ ва 15,3 тонна макарон захира шудааст.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер зимни баррасии масъала ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо вобаста ба таъмини муассисаҳои таълимӣ, табобатию профилактикӣ ва фарҳангӣ бо сӯзишворӣ, ба миқдори кофӣ захира намудани ангиштсангу гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш, муташаккилона гузарондани ҷамъоварии ҳосили соли равон, захира кардани хӯроки чорво, аз таъмири асосӣ баровардани неругоҳҳои барқи обӣ, ҳаматарафа омода намудани неругоҳҳои барқи офтобӣ ба мавсим, тарғиби омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон, санҷиши мунтазами ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор, санҷиши захираи воқеии сӯзишворӣ ва дигар масолеҳи ниёзи аввал дар иншооти гуногун ва дигар масоили муҳим ба муовинони раиси вилоят – сарпарастони соҳаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони раёсату идораҳо ва ширкату муассисаҳои дахлдор супоришҳои қатъӣ дод.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”