![]()
“Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар оғози садаи XX, пас аз дигаргуниҳои азими сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳастии халқи тоҷик зери хатари ҷиддӣ қарор дошт. Дар ин марҳалаи басо ҳассос зимомдорони давр ва як зумра муғризон бо ҳамдастии ашхоси ноогоҳ ва бегонапараст мехостанд, адолати таърихиро поймол намуда, ворисони аслии ин хоки покро аз мероси ниёкон маҳрум созанд. Дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз зарурати по ба арса гузоштани фарзандони худшиносу худогоҳ ва фидокоре пеш омад, то аз ҳуқуқҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва марзии халқи хеш дифоъ кунанд.
Ватандӯстии ҳақиқӣ на дар рӯзҳои шодӣ, балки дар лаҳзаҳои сангини имтиҳони миллат, дар фидокории бесадо ва ҷасорати қатъӣ зоҳир мешавад. Тавре таърих гувоҳ аст, шахсиятҳое чун Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум маҳз дар ҳамин гуна "давраҳои мушкил" бо ҷасорати худ собит карданд, ки муҳаббат ба миллат аз тарси марг ва фишори сиёсӣ баландтар аст.
Шириншоҳ Шоҳтемур дар қатори ситораҳои дурахшоне чун Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Нисор Муҳаммад ва гузаштагони дигари мо, ки аҳдоф ва манофеи миллати худро ҳамеша ҳимоя намудаанд, садои мардуми худро ба гӯши роҳбарияти олии вақт расонд. Ӯ тамоми ҳаёти кӯтоҳ, вале пурсамари худро фидои як ҳадаф кард – эҳёи давлатдории миллии тоҷикон.
Дар ин росто бояд гуфт, ки муборизаи тоҷикон барои эҳёи давлату давлатдории худ дар он айём моҳиятан набарди адолатхоҳонаи сиёсӣ буд. Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки дар он замон муқовимат кардан бо роҳбарони манфиатпарасту гурӯҳҳои миллатгаро хеле душвор буд.
Шириншоҳ Шоҳтемур дар шаклёбии фарҳанги умумитоҷикӣ саҳми бориз дошта, ҳангоми фаъолияташ дар Тройкаи ҳарбӣ-сиёсӣ (ТҲС, соли 1921), дар ҳудуди Помир гузарондани тамоми чорабиниҳоро бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда буд.
Корнамоии бузурги ӯ, ки бо гузоришнома ба номи Котиби генералии КМ ВКП(б) И. В. Сталин таҳти унвони «Дар бораи вазъияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии тоҷикон дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон» арзишманд аст. Дар он Шоҳтемур ҳамчун ташаббускор ва тарафдори ташкили давлатдории алоҳидаи тоҷикон, тарғибгар ва ҳимоятгари этноними «тоҷик» баромад мекунад. Мақому аҳамияти ин ҳуҷҷат барои бозгашт ва идомаи мубоҳисаҳо дар мавзуи баррасии дубораи мушкилот ва бартараф намудани камбудиҳои дар раванди тақсимоти миллию марзии соли 1924 сарзада, ниҳоят баланд арзёбӣ мегардад.
Дар ҳассостарин вақт, яъне соли 1929, вақте ки масъалаи ба ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ табдил додани ҶМШС Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ ба миён омад, Шоҳтемурро аз таҳсил дар Москва бозхонд намуда, котиби масъули (аввалин шахси сиёсии) Кумитаи вилоятии партиявии Тоҷикистон интихоб карданд. Ӯ дар ташкилёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон нақши ниҳоят муҳим бозид.
Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба Тоҷикистон Шириншоҳ дарк намуд, ки ҳангоми гузарондани тақсимоти ҳудудӣ нисбат ба тоҷикон беадолатӣ содир шудааст. Ӯ ҳамчун яке аз фарзандони боризи роҳи озодӣ вазифаи ҷониву шаҳрвандии худ медонист, ки барои таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии алоҳидаи Тоҷикистон мубориза барад. Номбурда ин муборизаро ҳамчун сиёсатмадори баркамол пеш мебурд.
Шириншоҳ ҳамчун ҳимоятгари ҳақиқии манфиатҳои халқи худ даъват мекард, ки ба тарбияи кадрҳо аз ҳисоби аҳолии таҳҷоӣ (маҳаллӣ) таваҷҷуҳ шавад. Ӯ даъвои онро менамуд, ки ба тоҷикон чун як миллати комили дорои таърихи қадима ва фарҳанги бой назар намоянд, чун миллати мо соҳиби арзишҳои баланди моддиву маънавӣ буда, тоҷик миллати мустақил аст.
Ҳувияти баланди миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар қалби ин марди худогоҳ ҳамеша фурӯзон буд. Ба қавли муҳаққиқи тоҷик Қ. Аламшоев ҳангоме ки аз ӯ суол мекунанд, дар куҷо фаъолият кардан мехоҳӣ, мегӯяд: “Он ҷое, ки тоҷикон бошанд!”.
Рӯйдоди муҳиму муассиру таърихӣ, ки чанде пеш бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, яъне васл ёфтани мушти хоке аз турбати қаҳрамонон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва фарзанди фарзонаи миллат Нисор Муҳаммад бо хоки муқаддаси Ватан, амалишавии орзуҳои Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад, ки гуфтааст: “Ҷисму руҳи ман ҷое маскан меёбад, ки он ҷо тоҷикон бошанд”.
Бо гузашти солҳо, ормонҳои Шириншоҳ дар давраи давлатдории навин амалӣ гардид ва он ормонҳоро, ки дар зери фишор ҳазорҳо сол фарзандони огоҳи миллати тоҷик амалӣ карда натавонистанд, қурбонии ин роҳ шуданд, фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як Консепсияи комили тафаккури миллӣ табдил доданд. Давлати ормонии миллатро бунёд гузоштанд ва ғубори таърихро аз рӯйи хотираи миллат, фарҳанги он ва асолаташ пок намуданд. Ба сарсупурдагони ин роҳи озодӣ, дифоъкунандагони таъриху фарҳанги миллӣ унвони қаҳрамонӣ доданд ва охирон мусофирхоконро ба хоки муқаддаси Ватан пайванд доданд, то руҳи онҳо шод ва осуда бошад, то ворисони онҳо хиҷолати тули анқариб як аср дар вуҷуд таҳаммулкардаи хешро комилан рафъ созанд, ки ин иқдоми Сарвари давлат аз бузургтарин амалҳост.
Муҳаммадфаридуни ФОЗИЛ,
мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон