Баргашт Чоп кардан

ТАҶАССУМИ ЭҲТИРОМ БА МЕРОСИ ИЛМӢ


Боистӣ бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ иброз дошт, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ ва илмии солҳои охир ба ҳисоб меравад. Ин иқдом дар баробари арҷгузорӣ ба яке аз бузургтарин донишмандони таърихи башарият, инчунин, яке аз василаҳои муаррифии саҳми миллати тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ бори дигар ба масъалаҳои муҳими ҳифзи саломатӣ ва пешрафти илми тиб ҷалб гардад.
Дар ҷаҳони муосир номи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун рамзи дониш ва инсонгароӣ шинохта мешавад. Осори ӯ дар ташаккули илмҳои тиббӣ ва фалсафӣ дар Шарқу Ғарб нақши муассир гузоштааст. Аз ин рӯ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ӯ метавонад ба густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба ва таҳкими муколамаи фарҳангҳо мусоидат намояд. Инчунин, иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун маркази посдории мероси Сино дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи худро таҳким бахшад ва дар муаррифии арзишҳои илмии ниёгон саҳми бештар гузорад. Дар ҷаҳони муосир нуфузи кишварҳо танҳо бо имкониятҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ муайян намешавад, мероси фарҳангӣ ва илмӣ низ яке аз абзорҳои муҳими нуфузи байналмилалӣ мебошад.
Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино метавонад дар таҳкими имиҷи мусбати кишвар, густариши дипломатияи фарҳангӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузорад.
Ин ташаббус имкон фароҳам месозад, ки саҳми таърихии миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ боз ҳам равшантар муаррифӣ гардад ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари фарҳангпарвар, илмдӯст ва ҷонибдори арзишҳои умумибашарӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувортар пайдо намояд.


Саидзода Илҳом САЙФУЛЛО,
сартабиби дармонгоҳи стоматологии вилояти Суғд