Бо дили пур гуфтаам ин мард Сарвар мешавад,
Мисли Сомон соҳиби ин тахту минбар мешавад.
Ҷонфидоӣ мекунад аз баҳри халқу миллаташ,
Баҳри халқу миллати худ ҳамчу ахтар мешавад.
Бо талошу ранҷи ин фарзонамарди бошукӯҳ,
Бо ризои Ҳақ ҷаҳони мо муаттар мешавад.
Номи поки тоҷикону Тоҷикистони азиз
Дар тамоми рӯи олам, рӯи дафтар мешавад.
Аз қудуми Сарвари донои беҳамтои мо,
Тоҷикон дар рӯи олам тоҷбарсар мешавад.
Обрӯю эътибори Пешвои тоҷикон
Бар дили ин халқу миллат дурру гавҳар мешавад.
Абдураҳмон шукр гӯяд з-ин ҳама сулҳу сафо,
Тоҷикистони азизи мо мунаввар мешавад!
“ШУМОРО ҶАМЪ МЕОРАМ ЗИ ҲАР ҶО!”
Ба минбар ӯ баромад оқилона,
Сухан оғоз кард ӯ орифона.
Бигуфто: “Тоҷикам, бо нангу орам,
Ба назди халқи худ сар мефарорам,
Тамоми мақсадам як сулҳи барҷо,
Шуморо ҷамъ меорам зи ҳар ҷо.
Рафиқон, ин Ватанро дӯст дорем,
Агар лозим шавад, ҷонро супорем.
Биёед яктану якҷон бимонем,
Барои дарди ҳам дармон бимонем!”.
Сипар кард ӯ ба сулҳаш ҷону танро,
Бикард ободу озод ин Ватанро.
Бигӯяд шукри Яздон Абдураҳмон,
Худо дода ба миллат пури Раҳмон.
Абдураҳмони ХАТЛОНӢ,
сокини ноҳияи Данғара