Баргашт Чоп кардан

АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ


Чанде пеш бо иқдоми Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи се фарзанди фарзонаи миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Тоҷикистон оварда шуд. Арҷгузории Сардори давлат ба хизматҳои фарзандони фарзонаи тоҷик нишонаи эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва қадршиносии хизматҳои содиқонаи онҳо ба Ватан мебошад.
Ин иқдоми таърихии Президенти мамлакат намунаи олии эҳёи адолати таърихӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад.
Бо ҷонибдорӣ аз ин иқдоми бесобиқа, 31-уми май як гурӯҳ сокинони касбу кори гуногун – омӯзгорон, деҳқонон, коргарон, донишҷӯён, ходимони дин, варзишгарон, нафақахӯрон аз деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор ба зиёрати оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ва ходимони барҷастаи таърихи миллат ба қабристони Лучоби шаҳри Душанбе барои дуову фотиҳа рафтанд.
– Зиёрати қубур пайванди наслҳои зиндаро бо таърихи гузаштагонашон барқарору мустаҳкам карда, хотироти зиндагонӣ ва корномаҳои онҳоро дар зеҳнҳо зинда нигаҳ медорад, инчунин дар такомули шахсият, рушди отифаҳои неки инсонӣ, эҷоди риққату инсоф дар ботини ҳар як зиёраткунанда нақши муассир дорад. Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ қарзи инсонии ҳар як шахси ватандӯст мебошад. Ҷомеа бояд зиндагӣ ва фаъолияти фарзандони барӯманди Ватанро бо таҳлили воқеӣ омӯзад, зеро хизматҳои онҳо дар назди миллат инкорнашаванда аст, – изҳор намуд сархатиби масҷиди марказии шаҳри Ҳисор, узви шурои уламои Маркази исломӣ Азалшоҳи Шарифзода.
Арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи миллат, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад ва дигар фарзандони фарзонаи тоҷик нишонаи эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва қадршиносии хизматҳои содиқона ба Ватан мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки зиёрат кардани оромгоҳи шахсиятҳои барҷаста дар баробари омӯзиши зиндагию корномаҳои фарзандони фидоии миллат, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба давлату миллат аҳамияти бузург дорад.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”