Чанде пеш дар шаҳри Катмандуи Непал, дар Конгресси 6-уми Осиё оид ба ҳифзи табиат (Conservation Asia Congress Nepal 2026), рақси махсуси тоҷикӣ пирӯзӣ ба даст овард. Рақси мардумии «Озодапаланг», ки омӯзгори 79-солаи тоҷик Саркори Давлатмаҳмадов иҷро намуд, ба яке аз лаҳзаҳои нодир ва фаромӯшнашавандаи ҳамоиш барои намояндагони даҳҳо кишвари Осиё табдил ёфт. Тоҷикистон дар баробари муаррифии таҷрибаи худ дар мавриди нақши фарҳанги миллӣ дар ҳифз ва нигоҳдории табиати ваҳшӣ, дили ҳозиринро бо рақси зинда, пуррамзу пурмаъно ва саршор аз эҳсос тасхир намуд.
Толори конгресс ҳунарнамоии Саркори Давлатмаҳмадовро бо кафкӯбиҳои бардавом ва самимӣ истиқбол гирифт. Рақсу мусиқии тоҷикӣ дар садҳо телефон видеоёддошт шуда, албатта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва кишварҳои гуногун паҳн гардид.
Тавре масъулони баргузории конгресс иброз доштанд, ин рақс мавзуи умумии ҷамъомад «Ҳамоҳангсозии гуногунии биологӣ ва некуаҳволии инсон дар Осиё»-ро боз ҳам пурмазмунтар ва таъсирбахштар намуд.
Рақси «Озодапаланг» замоне дар миёни мардумони Бадахшон буд, аммо бо гузашти солҳо қариб аз хотираҳо дур монд. Хусусан, дар давраҳое, ки барои ҳифзи чорвои ҷамъиятӣ паланги барфӣ ҳамчун ҳайвони хатарнок муаррифӣ гашт, ба шикориён барои маҳви он ҳатто силоҳ, тир ва мукофот дода мешуд, образи ин ҳайвони нодир тадриҷан ба як дарандаи хатарнок табдил ёфта, нишонаҳои фарҳангиву эстетикии он аз фарҳанги мардумӣ ба дур рафтанд.
Хушбахтона, бо саъю талоши омӯзгори деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшон, дӯстдор ва донандаи фарҳанги мардумӣ Саркори Давлатмаҳмадов ва бо дастгирии Созмони ҷамъиятии «Ганҷи Ватан», унсурҳои ин рақси нодир дубора ҷамъоварӣ ва эҳё гардиданд. Ӯ бо сафар ба деҳаҳои гуногун, суҳбат бо калонсолон ва омӯзиши хотираҳои мардумӣ тавонист порчаҳои парокандаи ин мероси фарҳангиро гирд оварда, онро аз нав зинда созад.
Паёми фарҳангии Тоҷикистон ба ҷаҳониён тавассути даъвати Созмони ҷаҳонии ҳифозат аз озодапаланг (Snow Leopard Conservancy) имконпазир гардид. Тоҷикистон дар Непал на танҳо фарҳанги худро муаррифӣ кард, балки ба ҷаҳониён нишон дод, ки дар ин сарзамини кӯҳистон инсон, табиат ва мероси ниёгон то ҳол бо ҳам нафас мекашанд.
Аҳли конгресс ин ҳунарнамоиро бо шавқу завқи зиёд, кафкӯбиҳои гарм ва эҳтироми хос истиқбол гирифтанд. Барои бисёриҳо ин аввалин шиносоӣ бо Тоҷикистон ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик буд.
Қурбониддин АЛАМШОЕВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих