МАРЗИ ПОКИ ОРИЁН
Ватан, эй марзи поки Ориёнам,
Ватан, аз тахти ҷамшедӣ нишонам.
Набахшам сангу хокатро ба оламҳо,
Ватан ганҷур бар ганҷи равонам.
Ватан, олитарин марзи Заминӣ,
Ту шояд хок аз чархи баринӣ.
Баҳоятро чӣ сон тасвир созам?
Ҷаҳон ангуштар асту ту нигинӣ!
Хушо тоҷи сари Сомонӣ зебад,
Фурӯғе аз фари султонӣ зебад.
Ҷаҳон овозаи ҳусни ту бишнид,
Шукӯҳу нусрати Раҳмонӣ зебад.
Ту ободиву миллат аз ту обод,
Ту ҳастӣ минбари эъҷозу эҷод.
Кафи дасти дуои сабзи ман боз:
“Ҳазорон шукри ин бахти худодод!”
МАНБАИ ИРШОД
Ҳамон марзе, ки монандаш надидам, Тоҷикистон аст,
Садояшро ба гӯши дил шунидам, Тоҷикистон аст.
Сипоси модаре, ки хома бар каф, бо фурӯғи дил
Ба васфаш шоҳбайте офаридам, Тоҷикистон аст!
Бибин, ай ҳамватан, обод созам Тоҷикистонро!
Ба хишти ҷони худ бунёд созам Тоҷикистонро!*
Ҳама нуру сафои меҳрро сарҷамъ бинмуда,
Намоди манбаи иршод созам Тоҷикистонро!
Ману мо ҳамнавову ҳамсадои Тоҷикистонем,
Ҳама ҳамсаф ба зери як ливои Тоҷикистонем!
Зи мо дарси ватандорӣ биёмӯзанд фарзандон,
Садоқатпеша дар аҳду вафои Тоҷикистонем!
*мазмун аз шеъри Симини Беҳбаҳонӣ
Парвина АМОНӢ,
рӯзноманигори “Набзи Деваштич” аз ноҳияи Деваштич