Баргашт Чоп кардан

ДЕВАШТИЧ. РУШДИ УСТУВОР ДАР ПАРТАВИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ КИШВАР


Дар шароити татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус саноатикунонии босуръат, рақамикунонии иқтисодиёт ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, ноҳияи Деваштич ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ҳамчун яке аз минтақаҳои рушдёбандаи вилояти Суғд мавқеъ дорад.
Имрӯз дар ноҳия заминаи мусоиди рушди иқтисодӣ фароҳам гардида, иқдомҳои амалишаванда барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ натиҷаҳои мушаххас додаанд.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди иқтисодӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ мебошад. Сиёсати саноатикунонии босуръат, ки аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ муайян шудааст, дар ноҳия тадриҷан самараҳои худро медиҳад. Бино ба иттилои масъулин, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 33,9 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 миллион сомонӣ ё 18,2 фоиз зиёд мебошад. Айни ҳол дар ноҳия 30 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ як коргоҳи нави истеҳсолӣ бо таъсиси 6 ҷойи кори доимӣ ба истифода дода шуд.
Дар баробари рушди истеҳсолот масъалаи ҷалби сармоягузорӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба 4,7 миллион сомонӣ расидааст. Ҳамзамон, дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 19,6 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Татбиқи чунин лоиҳаҳо барои рушди инфрасохтор, беҳтарсозии хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва ворид намудани технологияҳои муосир нақши муассир мегузорад.
Солҳои охир раванди рақамикунонӣ дар кишвар суръати тоза гирифтааст ва ноҳияи Деваштич низ дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Имрӯз 95 фоизи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, шумораи постерминалҳо ва QR-рамзҳо ба 470-то расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 фоиз зиёд мебошад. Густариши пардохтҳои ғайринақдӣ шаффофияти иқтисодиро таъмин намуда, ба рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд шудани фарҳанги молиявии шаҳрвандон низ мусоидат мекунад.
Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, густариши хизматрасониҳои рақамӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки ноҳия дорои имкониятҳои бузурги рушд мебошад.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”