![]()
Пирӯзии ҳақиқати таърихист, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар сатҳи дунё яке аз ҷоизаҳои маъруф ва баландэътибор ба шумор меравад, сарфароз гардиданд. Зеро Президенти маҳбуби мо аз лаҳзаҳои нахусти роҳбарии сиёсии Тоҷикистонро ба зимма гирифтан, ҳарфи сулҳро ба забон оварданд ва сиёсати сулҳхоҳиро сармашқу сархати фаъолияти сарварии муваффақонаи хеш қарор доданд. Саҳми шоёни Пешвои миллат дар ҷодаи эҷоди сулҳи минтақавӣ, хусусан ҳалли ихтилофи марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки беш аз як аср тул кашида буд, инчунин имзои созишномаи таърихӣ дар бораи ҳалли масъалаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ба тасвиб расондани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ва ғайра аз ҷумлаи иқдомоти мондагори шахсияти барҷастаи сулҳофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Дар остонаи таҷлили солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ эътирофи нуктаи яқине ҷоиз аст, ки расидан ба ваҳдати сартосарӣ низ дар чаҳорчӯбаи ташаббусу тасмимгириҳои сулҳхоҳона ва сулҳофаронаи меъмори ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки мустаҳкам намудани пояҳои ин неъмати пурарзиш ва гардишсоз ҳамеша рисолати муқаддас ва бошарафи имрӯзиёну ояндагон аст. Шояд баъзеҳо чунин шуморанд, ки ваҳдати миллии мо қариб се даҳсола побарҷосту дигар зарурати таблиғу таҳкими ин ғояи муқаддас вуҷуд надорад. Чунин нуктаи назар аз бунёд ғалат буда, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки кишварҳои таърихи давлатдорию истиқлоли чандинасрадошта ҳоло ҳам ваҳдатро андешаи марказии ҳувиятсозӣ қарор дода, ҳатто дар арсаи муборизаҳои сиёсиашон ҳеҷ гоҳ аз мафкураи ваҳдатгароӣ канор намераванд.
Танҳо бо расидан ба ваҳдати миллӣ ва ҷашн гирифтани рӯзи муайян вобаста ба тантанаи ин санаи муборак наметавон пояҳои маънавӣ, асосҳои идеологӣ ва зербинои мардумиву таъсири ҷомеасозии ваҳдатро ҳамчун падидаи баландарзиш, зуҳуроти такконбахши ҳамгироӣ ва дастоварди муҳими таърихӣ пурқувват намуд. Ваҳдат мисли дарахти умедпарвар доимо ба ғамхорӣ, нигоҳубин ва, қабл аз ҳама, муносибати самимонаю муҳаббати бедареғи инсонӣ ниёз дорад.
Ҳанӯз дар ибтидои роҳи бардавоми хеш дар ҷодаи сарварию давлатдории муваффақона Пешвои миллат ҳарфи сулҳу ваҳдатро ба забон оварда, онро маромномаи аслии мактаби сиёсии хеш қарор доданд. Дар ҷодаи расидан ба ваҳдати воқеӣ, ризояти миллӣ ва сарҷамъию иттиҳоди сартосарӣ комёб шуданд, ки ин хидмати бузургро на танҳо фард-фарди Тоҷикистони озоду мустақил, балки доираҳои обрӯманди ҷаҳонӣ эътироф намудаю ба ҳайси таҷрибаи омӯзанда ва ибратпазир дар ҳалли низоъҳои миллӣ қобили истифода медонанд.
Дилсӯзиву инсондӯстии Пешвои миллат он қадар пурсидқу бепоён аст, ки ҳамзамон бо фикри мушкилоти мардуми Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои бартараф намудани он, аз масоили глобалии сатҳи сайёра низ меандешанд, баҳри рафъ намудани таҳдиду хатарҳои ҷомеаи башарӣ пешниҳоду ибтикорҳои сатҳи байналмилалиро мунтазам манзур менамоянд. Доираи ҷидду ҷаҳди ваҳдатсозиву сулҳофарии Пешвои миллат, агар бо талошҳо дар ҷодаи расидан ба истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар дохили Тоҷикистон ибтидо гирифта бошад, ҳоло азму кӯшиши Роҳбари фардонигари мо ба самти эҷоди фазои пойдори сулҳу субот дар сатҳи сайёра равона гардидааст. Пешниҳоди эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки онро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба аҳли ҷаҳон ироа намуданд, идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна, ваҳдатгароёна ва башардӯстонаи Президенти маҳбуби мост.
Воқеан, ваҳдатшиорӣ аз азал дар вуҷуди миллати тамаддунсози тоҷик ҷой дорад, он дар афкори файласуфон, ашъори шоирон, асарҳои нависандагон ва эҷоди аҳли адабу зиё ба таври барҷаста ифода ёфтааст.
Аз ин рӯ, моро месазад, ки пайравони содиқу ҷонибдорони воқеии Пешвои муаззами миллат бимонем, аз чунин сиёсати хирадмандонаи пешгирифта ва роҳи ояндадори интихобкарда эҳсоси гарму самимии ифтихормандӣ дошта бошем ва дар татбиқи ормонҳои миллӣ нақши фаъол гузорем.
Суҳроб РУШАНЗОДА, раиси суди вилояти Суғд