Баргашт Чоп кардан

Ба ифтихори ба Меҳан оварда шудани як мушт хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ходими фарҳангу адаб Нисор Муҳаммад


ХОКБӮСИ МЕҲАН


Ҳар ваҷаб хоки туро бӯса занам,
Ранги афлоки туро бӯса занам.


Дили мо сахт ба ҳам монанд аст,
Дили садчоки туро бӯса занам.


Мардҳоят ҳама рустамзода,
Руҳи бебоки туро бӯса занам.


Сари таъзим ба ҳар модари ту,
Тифли ғамноки туро бӯса занам.


Ба кафат гир камони Ораш,
Дасти чолоки туро бӯса занам.


Ишқи ту мастии беохири ман,
Пуштаи токи туро бӯса занам.
Бори дигар ба канорат оям,
Хасу хошоки туро бӯса занам.


Бо садоқат бирасам то хокат,
Қитъаи поки туро бӯса занам.


ЯК ВАҶАБ ХОКИ ВАТАНРО НАДИҲЕМ!


Як ваҷаб хоки Ватанро надиҳем,
Кӯҳу дарёву чаманро надиҳем.


Гарчи дар кишвари мо санг зиёд,
Сангро – лаъли Яманро надиҳем.


Рӯд аз покии мо қисса кунад,
Сабаби пок шуданро надиҳем.
Лолаҳо – хуни шаҳидони Ватан,
Лолаву сарву суманро надиҳем.


Ориё дар ту муҷассам дидем,
Ориёмулки куҳанро надиҳем.


Шарафи мард зану тифл бувад -
Мазҳари кӯдаку занро надиҳем.


Сухан овардаву парвардаи мост,
Ба ду-се гӯл суханро надиҳем.


Як кафи хоки Ватан ҳам гардем,
Як кафи хоки Ватанро надиҳем!


Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”