10-уми июн таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар иҷлосия Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозӣ ва сохтмони роҳи автомобилгарди Лабиҷар – Қалъаихумб» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё, Шартнома дар бораи тартиби ташкил ва гузарондани таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба ҳавасмандкунӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Баррасии фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ
10-уми июн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба фаъолияти соҳаи метрология Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Иштирокдорон масъалаҳои муҳими таъмини ягонагии ченкунӣ, нақши метрология дар рушди иқтисодиёти миллӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва соҳаҳои илму технологияро мавриди баррасӣ карор доданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба интегратсияи системаи метрологии Тоҷикистон ба сохторҳои ҷаҳонӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои муосир равона карда шуд.
Муаррифии фарҳангу таърихи тоҷикон дар Озарбойҷон
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар 14-умин Фестивали байналмилалии фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон баргузор шуд, иштирок намуданд.
Дар қатори дигар давлатҳо гӯшаи миллии Тоҷикистон иборат аз намунаи ҳунарҳои пурғановати мардумӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, армуғон аз сафол ва чӯб, сангҳои рангаи Тоҷикистон ва маводи чопӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии мамлакат ташкил гардид, дастархони тоҷикӣ иборат аз хӯрокҳои миллӣ низ ороста шуд.
Робиаи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс
10-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Робиаи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Робиаи Балхӣ аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти классикии тоҷику форс буда, бо истеъдоди нодир, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати баланди суханварӣ дар таърихи фарҳангу адабиёти миллӣ мақоми хосса касб намудааст. Осори гаронбаҳои ин бонуи соҳибқалам на танҳо бозгӯи эҳсосу андешаҳои инсонист, балки намунаи олии зебоишиносӣ, озодандешӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ мебошад.
Муҳокимаи фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ"-ро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, фаъолияти 6 маркази касбомӯзӣ ва рушди малакаҳо, ки бо таҷҳизоти зарурӣ, маводи таълимӣ ва кормандони баландихтисос таъмин гардидаанд, муҳокима шуда, ҷонибҳо оид ба устувории минбаъдаи марказҳо ибрози назар карданд.