Баргашт Чоп кардан

БАҲСИ БИСТСОЛА ВА УМЕД БА ҲАЛЛИ ОДИЛОНАИ ОН


Бист сол мешавад, ки барои соҳиб шудан ба ҳаққи ҳалоли худ ба идораҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равуо дорам. Мутаассифона, мушкилоти ман тайи ин ду даҳсола ҳалношуда боқӣ мемонад.


Баҳс сари манзили истиқоматиест, ки дар он печидагиву муаммоҳо зиёданд. Манзили баҳсӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Афзалӣ 93 воқеъ буда, онро ман аз шаҳрванд Анатолий Кузнетсов харида будам. Бародарам Саидов Имомалӣ, ки хонаро ба ӯ бовар карда дода будам, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо идораи нотариалӣ шартномаи харидуфурӯши манзилро ба номи худаш сохтакорӣ намуда, ҳуқуқ ба амвол пайдо кардааст. Ин ҳақиқатро муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Б. Тағоймуродов дар асоси хулосаи хатшиноси экспертизаи судӣ - хатшиносӣ Ямакова З.Д., ки соли 2007 сурат гирифта буд, муайян кард.
Ҳоло гап дар сари он аст, ки Расулова Навотой ном зан, ки шаҳрванди хориҷӣ аст, соли 2003 бо бародари ман Саидов Имомалӣ, ки аз соли 1972 бо Ҷалилова Фотима никоҳи расмӣ дошт, сохтакорона никоҳ карда, дар ҳамин хона худро ба қайд мегузорад ва баъд аз даргузашти бародарам худро соҳибмулк медонад. Дар ҳоле, ки Саидов Имомалӣ бо Ҷалилова Фотима никоҳи расмӣ дошт ва дар як вақт наметавонист бо ду зан ақди расмӣ дошта бошад.
Дар умум, баҳс сари манзили истиқоматӣ солҳо боз дар зинаҳои гуногуни судӣ идома дорад, вале суоли матраҳ ин аст, ки Расулова Навотой ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ, ки даъвои соҳибмулкӣ ба хонаи манро дорад, чӣ гуна тавонист шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст орад ва дар як вақт сохтакорона бо бародари ман ақди расмӣ бандад? Вобаста ба ин, сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Сафарзода дар ҷавоб ба муроҷиати ман, 14-уми марти соли 2025 чунин посух дод: «Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ ба имзо расонда нашудааст». Ба ҳамин мазмун сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Рамазонов 24-уми июли соли 2013 ба ман ҷавоб навишта буд.
Вале ба саволи он ки дар асоси кадом қонун ба Расулова Навотой шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, 13-уми феврали соли 2026 аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ чунин посух гирифтам: «Тибқи маълумоти бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии Хадамот, шакли №1 ва дар асоси мактуби ҷавобии Сарраёсати муҳоҷират ва барасмиятдарории шаҳрвандии ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Н.М. шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон набуда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешавад ва ба ӯ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда дода шудааст».
Ин ҳам дар ҳолест, ки суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 1-уми июли соли 2014 никоҳи Расулова Навотой бо Саидов Имомалиро ғайриқонунӣ эълон кард ва ҳамин далел кофӣ буд, ки ба сохтакориҳои Расулова Навотой вобаста ба шаҳрвандӣ ва никоҳи ғайриқонунӣ баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шавад.
Дар робита ба ин баҳс ва бо вуҷуди сарсониҳои бистсола умедворам, ки дар ниҳоят адолат пирӯз мешавад ва ман ба ҳаққи ҳалоли худ соҳиб шуда, мақомоти дахлдор ба ин кирдорҳои сохтакоронаи ғайриқонунӣ баҳои сазовор медиҳанд. Бо ҳамин умед, ба идораи рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» муроҷиат кардам, то ин матлаб ба гӯши мақомоти салоҳиятдори давлатӣ бирасад.


Умаралӣ САИДОВ,
сокини шаҳри Душанбе