Дар ноҳияи Зафаробод мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонаиҳо оғоз гардида, кишоварзон ба дарави гандум ва дигар зироатҳои ғалладонаӣ машғул мебошанд. Тибқи иттилои масъулон, имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз заминҳои киштшуда ҳосили хуб ба даст хоҳад омад.
Айни замон корҳои дарави ғалладонаиҳо дар Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонии "Мавҷ-1", “Фаррух-Ш” ва “Дониёр”, ки дар истеҳсоли ғаллаи ноҳия саҳми назаррас доранд, бомаром идома дошта, хоҷагидорон барои ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосил тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Кишоварзон пас ҷамъоварии ҳосил дар заминҳои холишуда кишти такрориро ба роҳ монда, барои рӯёндани ҳосили дуюм сабзавот, ҷуворимакка ва дигар зироатҳои хӯроки чорво кишт хоҳанд кард.
Муовини раиси ноҳия Туйғун Шарифзода гуфт, ки соли ҷорӣ дар майдони зиёда аз 6200 гектар ғалладонаиҳо кишт гардидааст, ки аз ин миқдор 2500 гектарро гандум ташкил медиҳад.
Деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”