Баргашт Чоп кардан

БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ ҲАВЗАИ БУЗУРГИ ТАМАДДУНӢ
Дар бораи хидматҳои мондагору арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳу ваҳдат, давлатсозӣ, ташаббусҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона бо кишварҳои гуногуни дунё ва дигар иқдомоту ташаббусҳои башардӯстона ҳарчи гӯему нависем қатрае аз баҳр хоҳад буд.
Ин ҷо мехоҳам аз саҳми бузургу беназир ва иқдомоти ҷовидонаи Пешвои миллат дар роҳи эҳёи тамаддуни ориёӣ чанд нуктаро зикр намоям. Аввалан, бояд гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи андешаи миллӣ ва боло бурдани эҳсоси худшиносии мардум, рушди ҳунармандӣ, мусиқӣ, фарҳанг, адабиёт ва суннату анъанаҳои миллӣ барномаҳоеро амалӣ сохтанд, ки дар миёни дигар сарварони кишварҳо камсобиқа аст.
Роҳбари хирадманду миллатдӯсти Тоҷикистон аз солҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шуданашон ба масъалаи зинда кардани хотираи таърихӣ ва эҳёи тамаддуни пурифтихори гузаштаи миллати сарфарози тоҷик камари ҳиммат бастанд. Дар асари худ “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба ин кори масъулиятнок, яъне бедор намудани андешаи миллӣ ва навиштани асарҳо роҷеъ ба таърихи пуршебу фароз, рӯзгори пур аз ифтихорот ва ҳам фоҷиабори миллат даст задани худро “ба хотири адои қарзи фарзандӣ дар назди обу хоки диёр, Ватани куҳанбунёд ва миллати азизу ҷафокашидаи тоҷик” медонанд. Дар ҷойи дигари ҳамин китоб бо рангу тобиши бадеӣ ва бо эҳсоси баланд таъриху тамаддунҳоро ба дарё ва оғози онҳоро ба сарчашмаи дарёҳо ташбеҳ кардаанд: “Ниёзмандон... аз соҳили барояшон наздик об мегиранду ташнагии худро мешикананд, аз куҷо оғоз ёфтану то куҷо расидани дарёро ба гӯшаи хаёл ҳам намеоранд. Таърихи тамаддуну давлатдорӣ ҳам ба сарнавишти дарё шабоҳати аҷибе дорад. Камина низ аз баракати истиқлолият ва давлатдории миллӣ илҳом гирифта, азми ба сарчашма ва оғози оғозҳо расидан намудам”.
Чуноне зикр кардам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ба ҳайси Роҳбари давлати Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуданашон дар назди худ вазифа гузоштанд, ки ба саволҳои “Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта, аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?” посухҳои дақиқу аниқ пайдо кунанд.
Ҳамин буд, ки дар баробари идораи умури давлатдорӣ ба таҳқиқ ва пажӯҳиши таъриху тамаддуни бостонии миллат пардохтанд ва натиҷаи аввалин заҳматҳои хешро дар китобе бо номи “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, соли 1996 ба миллат манзур намуданд. Ин асари арзишманд ба мо дарси худогоҳӣ, миллатдӯстӣ, ватанпарастӣ, эҳтиром ба таърих ва анъанаҳои пешинаи худ ва ифтихор бо бузургони гузаштаву имрӯзаамонро меомӯзад.
Алорағми ҳама таассуботи миллӣ ва ихтилофоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1998 ба иқдоми ҷасуронае даст заданд. Сарвари давлати мо ба ҷаҳониён эълон карданд, ки Тоҷикистон 1100-солагии давлатдории миллии худро таҷлил хоҳад кард. Доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатдори берунӣ он замон аз ин ташаббус эҳсоси нороҳатӣ карда, кӯшиши эҷоди монеа дар ин роҳ мекарданд. Бо вуҷуди ин, соли 1999 бо азми қавии Президенти мамлакат 1100-солагии давлати Сомониён бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил гардид. Ба ифтихори ин Ҷашн, муҷассамаи бунёдгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе қомат афрохта, ба намоде аз таърихи гузаштаю пурифтихори миллати тоҷик табдил шуд.
Эҳёи ҷашнҳои Тиргон, Меҳргон, Сада ва ҷойгоҳи ҷаҳонӣ касб кардани Наврӯзи байналмилалӣ аз ташаббусҳои беназир ва арзишманди Пешвои миллат дар роҳи муаррифии таъриху тамаддуни миллати тоҷик аст. Ҳамчунин, солҳои баъдӣ низ ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ дар роҳи бедории миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ба омӯзиши таърих ва гузаштаи пурғановати миллати тоҷик идома пайдо карда, соли 2002 дар мамлакат 2500-солагии Истаравшани бостонӣ таҷлил гардид. Соли 2003 Соли бузургдошти фарҳанги Ориёӣ эълон гардида, соли 2006 мардуми сарбаланди Тоҷикистон 2700-солагии шаҳри Кӯлобро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд. Соли 2007 бо ташаббуси Пешвои миллат Соли тамаддуни Ориёӣ эълон шуд, ки ин расман ба гӯши ҷаҳониён расондани меросдори фарҳанг ва тамаддуни бузурги ориёӣ будани тоҷиконро нишон медод.
Моҳи октябри соли 2013 ҳангоми сафари худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои миллат ба шаҳри бостонии Карон ташриф оварданд ва аз таърихи 4500 сола доштани ин шаҳри асрҳо дар зери хок хуфта ёдовар шуданд. Дар соли 2015-ум 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва соли 2020-ум 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ таҷлил гардид, ки паёмҳои ба худ хос доштанд.
Ин, ки имрӯз тоҷикон бо эҳсоси баланд ва бо сарбаландӣ Куруши Бузургро ниёи худ ва бо ифтихор Каёниён, Ашкониён, Ҳайтолиён, Сосониён ва Сомониёнро давлатҳои таъсисдодаи бобоёни гузаштаи худ медонанд, хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Он таъриху тамаддуни пурифтихори ба ҳукми фаромӯшӣ супурдашударо Сарвари давлат дубора ба мардум ва сарзамини аҷдодӣ баргардонданд.
Ҳама огоҳони ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳатто пажӯҳишгарони масоили сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, бар ин назаранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари дорои маърифати баланди сиёсӣ ва худшиносии миллӣ, шахсияти фарҳангсипос, инсони дурандешу ободкор, марди посдори таъриху тамаддуни гузаштаи миллати худ, вориси арзанда ва соҳиби аслии як ҳавзаи бузурги тамаддунӣ мебошанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе баёнгари рӯшани он аст, ки ин сарзамин порае аз империяи бузурги ориёиҳо ва ин миллат меросдори ҳақиқӣ ва вориси аслии таъриху тамаддуни гузаштаи понздаҳҳазорсолаи миллати бузурги тоҷик аст.
Номгузорӣ шудани шаҳру ноҳияҳои кишвар ба исми фарзонафарзандони таърих, адабиёт ва фарҳанги миллат – Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Шоҳин, Спитамен, Деваштич, Ғафуров, Айнӣ, Турсунзода низ идомаи ҳамон роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба хадамоти чеҳраҳои мондагори миллат ва шод кардани руҳи онҳо аст.


Толибшоҳ САИДОВ, Аълочии маорифи Тоҷикистон