Баргашт Чоп кардан

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР БЕДОРИИ МИЛЛӢ


Дар тули муборизаҳои халқи тоҷик барои озодӣ, адолат ва барқарор намудани давлати миллӣ, махсусан солҳои 20-уми асри ХХ мавқеи хеле муҳим доранд, зеро маҳз дар ҳамин солҳо бақои давлату миллати тоҷик ҳаллу фасл шуда буд. Мавҷи пурталотуми ҳаракат барои истиқлол ва озодӣ дар асри ХХ дар сафи чандин арбобони машҳури Осиёи Миёна фарзанди баруманди миллати тоҷик Нусратулло Махсумро низ ба майдон овард.
Роҳи ҳаёти арбоби намоёни давлатӣ ва ҳизбии Тоҷикистон Нусратулло Махсум пур аз печутобҳо буд. Ӯ 1-уми июли соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қизи бекигарии Қаротегини аморати Бухоро дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Овони кӯдакӣ ва наврасиаш дар ин мавзеи хушманзараи кӯҳистони тоҷик гузашт. Вай дониши ибтидоиро аз падар гирифта, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Қӯқанд рафт. Дар корхонаҳои саноати сабук рӯзе то 16 соат кор карда, рӯз мегузаронд.
Пас аз даҳ соли мусофират ба Ватан баргашт. Дар зодгоҳаш ба зироаткорӣ, боғдорӣ, сипас ба чӯпонӣ машғул шуд. Ҳамзамон, дар атрофаш ҷавонони рӯшанфикрро ҷамъ намуда, барои беҳбудии ҳаёти минбаъдаи меҳнаткашон тарғибу ташвиқ мекард, онҳоро барои муборизаи шадид бар зидди ноадолатиҳои замона даъват менамуд. Соли 1920 дар Бухоро инқилоб ғалаба кард, амир гурехт, ҳамон сол ба сафи Ҳизби коммунистӣ дохил шуд. Нусратулло Махсум баъди таъсиси ҶХШ Бухоро, махсусан аз соли 1921 сар карда то тақсимоти ҳудудии Осиёи Миёна бо дастаҳои ашхоси зидди Ҳукумати Шуравӣ фаъолона мубориза бурд. Дар ин солҳои пурошӯб вазифаҳои пурмасъули раиси Кумитаи таъмини озуқаи Артиши Сурх дар вилояти Ғарм, вакили масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро дар Бухорои Шарқӣ оид ба таъминоти озуқавории қисмҳои Артиши Сурх, раиси Комиссияи фавқулодаи КИМ-и Бухороро оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқиро сарбаландона иҷро кард.
Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Кӯшишу талошҳои ӯ, пеш аз ҳама, дар ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст, зеро дар он солҳои ҳассосу тақдирсоз бадхоҳони миллати тоҷик намехостанд, ки халқи мо соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардад. Аз ин рӯ, Нусратулло Махсум ба ҳайси яке аз роҳбарони ҷумҳурӣ бо ҷасорати фавқулода ва шуҷоати сиёсӣ барои тақсимоти одилонаи ҳудудӣ дар Осиёи Миёна, муайян намудани шахсияти миллии мардуми тоҷик мубориза бурд ва кӯшиш намуд, ки тоҷикон ҳамчун яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола эътироф ва шинохта шаванд.
Ҳанӯз солҳое, ки Нусратулло Махсум вазифаи раиси Кумитаи Иҷроияи Бухорои Шарқиро ба уҳда дошт, дар масъалаи тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ ва ташкили ҷумҳуриҳои мухтор ва иттифоқӣ дар қаламрави Осиёи Миёна мавқеи ҷиддиро ишғол менамуд. Вай бо ҳуҷҷатҳои расмии комиссия оид ба масъалаи мазкур шинос шуда, норозигии хешро нисбат ба қарори он изҳор дошт, ҳатто ба КМ ҲКР (б) бо мактуб муроҷиат намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Масъалаи мутааллиқ ба манфиати халқи тоҷик ғайриодилона ҳал шудааст».
Пӯшида нест, ки Нусратулло Махсум дар давраи мураккабтарин арбоби намоёни ҷумҳурӣ гардида буд. Истеъдоди баланди ташкилотчигӣ, хирадмандию дурандешии Нусратулло Махсум, махсусан, баъди соли 1926, пас аз раиси Комитети Иҷроияи Марказии Тоҷикистон интихоб шудани ӯ бештар зоҳир мегардид. Пухтагии сиёсию ғоявӣ, пайвастагии сухан бо амал, хусусияти фавран нуқтагузорӣ дар ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ шуҳрату обрӯи ӯро дар байни ҳамаи қишрҳои аҳолӣ бемайлон афзун гардонданд. Исботи инро дар суханронии Б.В. Толпиго дар маҷлиси якуми КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон дидан мумкин аст, ки таъкид намуда буд: «Мо, рафиқон, раиси КИМ-и Тоҷикистонро бояд интихоб кунем, ки Тоҷикистонро донад ва ӯро Тоҷикистон донад, шахсе, ки миёни мардум ба эътибор ва обрӯи ҳақиқӣ сазовор бошад. Саҳв намешавад, агар гӯям, ки ин гуна шахс танҳо рафиқ Нусратулло Махсум аст».
Мутаассифона, баъди даҳ соли хидмати ҷонфидоёна баҳри беҳбудии миллати тоҷик ва барои ҳамаи он нуқсону каҷравиҳое, ки Нусратулло Махсум дар амал муборизи суботкори зидди онҳо буд, айбдор шуду қурбони ҳукми қатл гардид. Гуноҳи ӯ фақат он буд, ки ҳақгӯӣ, адолату ҳақиқатпарастӣ бо хунаш омаду бо ҷонаш рафт.
28-уми декабри соли 1957 Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС хулосаи Прокурори генералии ИҶШС-ро аз таърихи 3-юми октябри соли 1937 нисбат ба Нусратулло Махсум дар асоси ба даст омадани далелҳои нав рад намуд ва парвандаи ӯро, ба сабаби набудани нишонаҳои ҷиноят, қатъ кард.
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва ибтикори наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва гиромидошти хотираи силсилаи бузургон ва чеҳраҳои шинохтаи сиёсиву фарҳангии таърихи халқи тоҷик рӯи кор омад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақдир намудани хотираи неки фарзанди маҳбуби Ватан, арбоби давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ба тасвиб расид. Адолат тантана кард.


Ҷамолиддин АБДУКАРИМОВ,
дотсент, мудири кафедраи
археология, этнография ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқуқи
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»