Зери ин унвон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон, дорандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ ва Стипендияи раиси шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гуфт: “Ҷавонон дар ҳама давру замон барои тамоми низомҳои сиёсии давлатдорӣ неруи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва ин таваҷҷуҳ бесобиқа аст. Имрӯзҳо ҷавонони ватандӯсту қавиирода ва далеру шуҷои мо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа аҳлона заҳмат кашида, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд”.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро таҳия ва ба тасвиб расонд.
Мақсади таҳияву қабул ва таҳкими қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат ба инкишофи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маънавию маърифатӣ ва ҷисмонӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ва дастгирии моддиву маънавии ташаббусҳои созандаи ин қишри ояндасоз мебошад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”