Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам:
1. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шавад.
2. Маблағгузории Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ низомнома ва ҳайати Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 июни соли 2026, №1184
ТАВЗЕҲОТ
ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об»,
15 июни соли 2026, шаҳри Душанбе
Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июни соли 2026, №1184 Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳисоб меравад ва аз иқдомҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Қобили зикр аст, ки дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи охир ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар ҳалли масъалаҳои глобалии об ва ҳифзи пиряхҳо нақши муассир гузошта истодаанд.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза, 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025 ва Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ (2025 – 2034) аз ҷумлаи ташаббусҳои кишвари мо мебошанд. Илова бар ин, бо пешниҳоди Тоҷикистон аз соли 2025 сар карда, 21-уми марти ҳар сол ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиярхҳо ҷашн гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки имрӯз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Раванди оби Душанбе» дар байни ҳамоишҳои ҷаҳонӣ мавқеи хос пайдо карда, ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои глобалии марбут ба захираҳои об арзёбӣ мегардад.
Қабули қатъномаҳо аз ҷониби созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ифодаи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани ташаббусҳои Тоҷикистон, хосатан ибтикороти созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ин раванд таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари калидӣ дар ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Ҳамзамон бо ин, таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва ниҳодҳои илмиву таҳқиқотии соҳавиро ҷиҳати таҳкими омӯзиши масъалаҳои марбут ба об бештар гардонда, раванди мубодилаи технологияҳо ва ҷалби сармоягузориро барои ҳифзи пиряхҳо ва дастрасӣ ба оби тоза тақвият мебахшад.
Барои муайян кардани номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи мазкур комиссияи босалоҳият таъсис ёфта, ба ҳайати он намояндагони Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид низ шомил карда мешаванд ва маросими ҷоизасупорӣ дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, сурат хоҳад гирифт.