Баргашт Чоп кардан

МАШВАРАТИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


12-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба истиқболи Ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масоили ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.


Дар машварат, ки бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва як қатор масъулони давлатӣ ҷараён гирифт, масоили суръатбахшӣ ба созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сохтмону омодасозии корхонаю муассиса ва иншооти дигар, ки тибқи барномаҳои истиқболи сазовор аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гаштаанд, суръат бахшида шавад.
Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба зимистони пешомад ва ҳам ба соли нави хониш ба тармиму навсозӣ ва таъминоти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир созанд.