Дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати донишмандон, мунаққидону адабиётшиносон, шоирону нависандагон, суханшиносону рӯзноманигорон маҳфили рӯнамоии “Китобномаи шарҳиҳолӣ”-и Корманди шоистаи Тоҷикистон, нависанда, публитсист ва рӯзноманигор Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод баргузор гардид.
Китоб бардоште аз ранҷу заҳмати муаллифро аз даврони фаъолияташ, чи дар матбуоти даврӣ ва чи дар ҷодаи адабиёт, дар бар мегирад.
Сипеҳр Ҳасанзод дар доираи адабии кишвар ҳамчун нависанда бо таълифи даҳҳо китоби хонданӣ тавонист, ки ба дили хонандагон роҳ ёфта, дар насри муосир ҷойгоҳи шоистаро комёб шавад. Мавсуф муаллифи маҷмуаҳои зиёди арзишманди оммавию бадеӣ, аз қабили "Фидоиёни роҳи озодӣ", "Боздид", "Парастуҳои саҳна", "Чакомаи шоҳи ирфон", "Бозгашти аспи даҳмарда", "Офтобо, ба ғуруб марав...", "Гулхани сабз", "Ҳадиси ватандорӣ" (бо 7 забон), "Дарёдилеву соҳиле...", "Кӯдак ва парвона" (барои кӯдакон ва наврасон), "Турнаҳои мусофир", "Чароғи ҳидоят", "Фарёди сукут", инчунин филмномаҳои мустанади "Гиряҳои хуршедӣ", "Ҳикмати гӯё", "Ғаввоси уқёнуси илм", "Саричашма", "Падар", "Писарак", "Мӯйсафед ва хирс" мебошад. Маҷмуаи нави адиб барои бачаҳо таҳти унвони "Найнавоз ва писарак" дар нашриёти "Адабиёти бачагона" ба чоп супурда шудааст.
Дар маҳфил перомуни вижагиҳои эҷодиёти нависанда академики АМИТ, доктори илмҳои филология, профессор Носирҷон Салимӣ, академики АМИТ, доктори илмҳои филология, профессор Абдуҷаббор Раҳмонзода, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филология, профессор Аламхон Кучарзода, Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Сайфулло Сафаров, доктори илмҳои филология, профессор Шамсиддин Солеҳ, доктори илмҳои филология, профессор Умар Сафар ва дигарон изҳори ақида намуда, сабки хос, истифодаи бамавриди гӯйишҳои мардумӣ ва забони бофасоҳату салиси тоҷиконаро дар асарҳояш таъкид намуданд.
Ба андешаи академик Носирҷон Салимӣ, “ба замони нав созгор омадани зиндагии мардуми ҳам деҳот ва ҳам шаҳр яке аз мавзуъҳои мубрами ҳаёти мост. Ин масъалаҳоро Сипеҳр Ҳасанзод тадқиқ намуда, аз рӯзгори онҳое, ки ба гузаштагони худ мутаваҷҷеҳ будаву мехоҳанд онро чун мероси ниёкон ҳифз намоянд ва дар ҳимояти пояндагӣ ва пирӯзии арзишҳои воқеию ҳақиқии моҳиятан аз ҳастиву зебоӣ ва некиву накукорӣ рӯйида қаҳрамонони ӯ хеле устувор гом бардошта, афкори зиндагисоз доранд”.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода изҳор дошт, ки хушбахтона, нависанда ва публитсисти соҳибистеъдод Сипеҳр Ҳасанзод аз мактаби адабии донишманди фозил ва мунаққиди барҷаста Соҳиб Табаров баҳравар буда, мактубҳои дилсӯзонаву воқеъбинонаи устод ба адиб роҳ кушодааст. Ҳамин аст, ки аз маҷмуа то маҷмуа такомул ёфта, таълифоташ дар миёни ҳаводорони сухан ҷойгоҳи густарда касб намудааст.
Зикр гардид, ки қисме аз ҳикоёти нависанда дар нашрияҳои ватаниву хориҷи мамлакат, аз ҷумла, ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, марӣ, беларусӣ, ӯзбекӣ тарҷума ва ба табъ расидаанд, ки боиси муаррифии миллати тоҷвари мо дар арсаи байналмилалӣ мешавад. Худи адиб низ осори як зумра адибони номвари сатҳи ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ баргардон кардааст.
Таъкид шуд, ки саҳми арзишманди адиб дар татбиқи ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Адиб барои хизматҳои шоён дар самти тарғиби фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста, ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Носири Хусрав, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нишонҳои ифтихории Аълочии маориф ва илм, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.
Баҳриддин ҲАБИБӢ, фарҳангшинос