Дар ҷаҳони имрӯза ифротгароӣ ва терроризм аз хатарҳои ҷиддитарин ба аҳли башар ва ҷомеа боқӣ мондаанд. Ин падидаҳо на танҳо амнияти миллиро халалдор месозанд, балки ба ҳаёти мардум, иқтисодиёт ва суботи иҷтимоӣ зарари калон мерасонанд. Бинобар ин, мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ ҳам барои кишварҳои алоҳида ва ҳам барои тамоми ҷомеаи байналмилалӣ вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Терроризм истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди зӯроварӣ барои тарсондани аҳолӣ ва ноил гаштан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ва идеологӣ мебошад. Ифротгароӣ, дар навбати худ, дар пойбандӣ ба ақидаҳо ва усулҳои ифротӣ зоҳир мешавад, ки аксар вақт ин омилҳо асоси фаъолияти террористӣ мегарданд. Ин ду падида бо ҳам зич алоқаманд аст ва барои пешгирии онҳо муносибати ҳамаҷонибаи ҷиддӣ тақозо мешавад.
Яке аз самтҳои асосии мубориза бо терроризм ва экстремизм такмили қонунгузорӣ ва иҷрои саривақтии онҳо мебошад. Давлатҳо қонунҳоеро қабул мекунанд, ки барои пешгирии ҷиноятҳо, муайян намудани гурӯҳҳои тундрав ва ҷазо додани шахсони гунаҳкор равона шудаанд, аммо танҳо чораҳои ҳуқуқӣ кофӣ нестанд. Гузарондани корҳои пешгирикунанда дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон низ, муҳим аст.
Дар ҳар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумат таваҷҷуҳ зоҳир месозанд ва омӯзгоронро таъкид менамоянд, ки дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ташаббускор бошанд.
Оре, маориф дар бунёди ҷомеаи устувор нақши муҳим мебозад. Беҳтар кардани огоҳии ҳуқуқӣ, рушди тафаккури интиқодӣ ва эҳтиром ба фарҳангҳо ва динҳои гуногун ба коҳиш додани хатари паҳншавии ғояҳои экстремистӣ мусоидат мекунанд. Ҷавонон бояд қобилияти фарқ намудани маълумоти боэътимодро аз таблиғот дошта бошанд ва ба таъсири созмонҳои тундрав муқовимат нишон диҳанд. Дар ин самт дар мактабҳову донишгоҳҳои мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ мешаванд, ки барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва пешгирӣ аз чунин зуҳуроти манфӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Ҳамин тариқ, бунёди ояндаи амн танҳо дар муборизаи ҳамаҷониба бо терроризм ва экстремизм имконпазир аст. Дар ин роҳ кӯшишҳои муштараки давлат, ҷомеа ва ҳар як шахс заруранд. Танҳо тавассути илму дониш, ҳамкорӣ ва рушд мо метавонем ҷаҳони бидуни тарс ва зӯровариро бунёд созем.
А. АБДУЛЛОЕВА,
муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»