Баргашт Чоп кардан

ҶАВОНМАРД Ё ДОСТОНИ ҚАҲРАМОНИИ САРҲАДБОНЕ, КИ БАРОИ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ҶОНАШРО ДАРЕҒ НАДОШТ


Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин арзиш ва сарчашмаи ҳувияту ифтихори миллӣ ба шумор меравад. Муҳаббат ба Ватан, ҳифзи марзу буми он ва садоқат ба халқу давлат инсонро ба роҳи қаҳрамонӣ, ҷасорат ва фидокорӣ раҳнамун месозад. Дар навбати худ, бо фарзандони содиқу ватандӯсте ифтихор бояд кард, ки барои ҳимояи истиқлол, амният ва оромии кишвар ҷони худро нисор кардаанд. Номи чунин афрод дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамеша бо эҳтирому арҷгузорӣ ёд мешавад.
Муҳаммадҷон аз овони кӯдакӣ чунин ҳиссиёти баланди ватандӯстиро дар қалби худ мепарварид. Ӯ аз дигар кӯдакон бо рафтору ҷаҳонбинии хос фарқ мекард. Ҳанӯз дар айёми кӯдакӣ, вақте бо ҳамсолонаш бозӣ мекард, бештар ба бозиҳое шавқ дошт, ки дар онҳо ҳимоя, мардонагӣ ва ғалаба таҷассум меёфт. Дар як гӯшаи ҳавлӣ қуму санг ҷамъ намуда, бо дӯстонаш ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд, хандақҳо мекофтанд, камин мегирифтанд ва худро сарбоз тасаввур мекарданд. Ҳангоми анҷоми бозӣ Муҳаммадҷон мисли як фармондеҳи ҳақиқӣ ба кори дӯстонаш баҳо медод. Ин ҳама аз он шаҳодат медод, ки дар дили кӯчаки ӯ орзуи бузурги ҳимоятгари Ватан шудан, аллакай, ҷой гирифта буд.
Дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ орзуи ягонаи ӯ сарбоз шудан буд. Пайваста барои расидан ба ин мақсад талош мекард. Муҳаммадҷон хуб дарк менамуд, ки хизмат ба Ватан танҳо вазифа нест, балки шарафи бузург мебошад. Бо ҳамин ормон соли 2010 Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо муваффақият хатм намуд. Баъд аз хатми Донишкада дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногун: Турсунзода, Эсанбой, Шурообод ва Суғд содиқона хизмат кардааст. Ӯ дар ҳар куҷое, ки фаъолият мекард, бо масъулиятшиносӣ, интизоми ҳарбӣ ва муҳаббат ба Ватан намунаи ибрат буд.
Аммо тақдир барои ин фарзанди содиқи миллат роҳи дигареро интихоб карда буд. Санаи 16-уми сентябри соли 2022 ҳангоми муноқишаи сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки акнун ба ҳукми таърих рафтааст, Муҳаммадҷон Пиров дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан қаҳрамонона ҷон бохт. Ин фоҷиа танҳо ғами як оила набуд, балки дарди тамоми миллат гардид. Марги ӯ қалби ҳазорон нафарро ба дард овард, зеро ӯ барои ҳифзи осоиштагии мардум ва суботи кишвар ҷони худро қурбон кард.
Қаҳрамонии Муҳаммадҷон нишон дод, ки фарзандони ҳақиқии миллат ҳифзи марзу буми Ватанро аз ҳама арзишҳои зиндагӣ болотар мегузоранд. Ӯ бо ҷасорат ва садоқати худ исбот намуд, ки ватандӯстӣ танҳо сухан нест, балки амал аст. Пас аз маргаш Муҳаммадҷон бо рутбаи ҳарбии “Подполковник” сарфароз гардид. Ҳамчунин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми феврали соли 2023 таҳти №528 ва №2033 бо ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ шуд. Ин қадршиносии Пешвои муаззами миллат нишонаи он аст, ки давлату миллат хизматҳои фарзандони содиқашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Муҳаммадҷон имрӯз дар байни мо нест, аммо номи ӯ ҳамчун фарзанди ҷасури миллат зинда аст. Ӯ бо корнамоиҳои худ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт. Аз ӯ се фарзанд Файзалӣ, Рамзия ва Умарҷон ёдгор монданд. Хусусан, Файзалӣ, ки имрӯз дар синфи панҷум таҳсил мекунад, аллакай, роҳи зиндагии худро интихоб намудааст. Ӯ мехоҳад мисли падараш афсар шавад ва марзу буми Тоҷикистони азизро ҳифз намояд. Ин орзу нишонаи он аст, ки қаҳрамонии падар дар қалби фарзандон чароғи ватандӯстиро фурӯзон кардааст.
Модар сарчашмаи муҳаббат, тарбия ва худшиносӣ мебошад. Агар Ватан макони зиндагии инсон бошад, модар чароғи равшанкунандаи роҳи зиндагист. Модар аввалин шахсест, ки дар дили фарзанд муҳаббат ба зиндагӣ, инсонгароӣ ва ватандӯстиро ҷой медиҳад. Аз ҳамин ҷост, ки нақши модар дар тарбияи фарзандони содиқи миллат бузург ва муқаддас мебошад. Маҳз тарбияи дуруст ва меҳри модарона буд, ки Муҳаммадҷонро ба чунин шахсияти ватандӯст табдил дод.
Ҳикмати зиндагӣ низ ҳамин аст, ки инсон бояд барои ҷомеа ва Ватан манфиатовар бошад. Қаҳрамонии Муҳаммадҷон Пиров намунаи олии садоқат ба Ватан мебошад. Ӯ бо ҷони худ исбот кард, ки ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддас аст. Имрӯз номи ӯ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ, шуҷоат ва ватандӯстист. Ман ҳамчун модари тоҷик, ҳамчун модари қаҳрамон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоям, ки ҳамеша дар паҳлуи мо ҳастанд, аз ҳолу аҳволи оилаҳои қаҳрамонон бохабар мебошанд ва хизматҳои фарзандони миллатро қадр мекунанд. Ин ғамхорӣ барои мо мояи ифтихор ва дилгармӣ мебошад.


Моҳсафар ФАЙЗАЛИЕВА,
сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,
модари Муҳаммадҷон Пиров