Баргашт Чоп кардан

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. АЗ ҲАДАФҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ


Таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегияи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқавории босифат, бехатар ва дастрас як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабулу амалӣ гардида истодаанд. Амнияти озуқаворӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шаҳрванд дар ҳама вақт бояд ба миқдори кофии маҳсулоти ғизоии ба талаботи сифат ва бехатарӣ ҷавобгӯ дастрасӣ дошта бошад.


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар мамлакат ҳамчун ташкилоти салоҳиятдор барои таъмини сифату бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, пешгирии ҳолатҳои ба фурӯш ва истифода баровардани маҳсулоти пастсифат чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Нақши асосии Кумита, инчунин, назорати таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, шароити коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши онҳо дар бозорҳои яклухт ва чаканаи ҷумҳурӣ, татбиқи чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвонот ва организмҳои зараррасони карантинии рустанӣ буда, мақомоти ҳудудии Кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин сиёсатро амалӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ба ҷумҳурӣ бо риояи тартиботи қонунгузории миллии амалкунанда аз он корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Кумита тибқи талаботи Кодекси ҳайвоноти рӯйизаминии Созмони ҷаҳонии солимии ҳайвонот аз аккредитатсия гузаронда шудаанд, иҷозат дода мешавад.
Дар робита ба ин мавзуъ, месазад аз як рӯйдоди муҳими соҳа ёдовар шуд. 4-уми июни соли равон, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ, ки 7-уми июн ҷашн гирифта мешавад, аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати мамлакат таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва маҷмуи маводҳои ташхисӣ супурда шуд. Чунонки аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, маҷмуи васеи таҷҳизоти муосири лабораторӣ аз автоклав, сентрифуга, микросентрифуга, инкубатр, микроскоп ва дигар воситаҳои ташхисиву таҳлилӣ иборат мебошад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, тақдими ин гуна таҷҳизот ба таҳкими иқтидори миллӣ дар самти назорати бемориҳо, мониторинги бехатарии озуқаворӣ ва баланд бардоштани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи саломатии ҳайвонот равона шудааст. Истифодаи ин таҷҳизот имкон медиҳад, ки сатҳу сифати ташхиси лабораторӣ беҳтар гардида, назорати боқимондаи антибиотикҳо дар маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки чорво пурзӯр карда шавад. Ин иқдом, ҳамчунин, ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии хавфҳои марбут ба муқовимати зиддимикробӣ мусоидат хоҳад кард. Дастрасӣ бо чунин таҷҳизоти муосир қадами муҳим дар роҳи такмили фаъолияти озмоишгоҳҳо, баланд бардоштани самаранокии назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»