Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАЙСАЛ ИБНИ ҚОСИМ ОЛИ СОНӢ


15-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони "Файсал Холдинг" шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва гурӯҳи ширкатҳои "Файсал Холдинг" баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи хос ба ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон зоҳир гашт.
Ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, гидроэнергетика, фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ, бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори муосир тамаркуз шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштарак барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин соҳаҳо идома дода шаванд.