Баргашт Чоп кардан

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. ШАРАФИ ДИГАРЕ БА НОМИ АЛЛОМА СИНО


Дар ҷаҳони муосир, ки рақобати давлатҳо бештар хусусияти маърифативу фарҳангӣ касб намудааст, нақши шахсиятҳои бузурги таърихӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва тамаддунӣ аҳамияти вижа дорад. Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23-юми майи соли 2026 дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми муҳими маърифатӣ ва фарҳангист. Ҳамзамон, шарафи дигаре ба номи нобиғаи аҳди Сомониён – аллома Сино мебошад.
Ин Ҷоиза гувоҳи он аст, ки давлат мероси илмии худро ҳамчун неруи зиндаи рушди ҷомеа ва омили бунёди оянда арзёбӣ менамояд.
Ҷоизаи мазкур пайванди маънавии гузашта, имрӯз ва ояндаро таҷассум намуда, хотираи таърихиро ба манбаи неруи созанда табдил медиҳад. Аз нуқтаи назари фалсафа, ҷомеа танҳо дар сурате метавонад ояндаи худро бунёд намояд, ки байни мероси гузашта ва ормонҳои оянда робитаи созанда барқарор созад.
Ибни Сино аз ҷумлаи нобиғаҳои нодири башарист, ки осори ӯ аз доираи як миллат фаротар рафта, ба мероси инсоният табдил ёфтааст. Асарҳои машҳури ӯ, аз ҷумла «Ал-Қонун фи-т-тиб», «Китоб уш-шифо», «Ан-Наҷот» ва «Ал-Ишорот ва-т-танбеҳот» дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди илми тиб нақши муҳим бозидаанд.
Дар шароити рушди босуръати технология, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, муҳандисии генетикӣ, тибби рақамӣ ва масъалаҳои ахлоқии илм, аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Таърих нишон додааст, ки дониш бе масъулият метавонад ба оқибатҳои номатлуб оварда расонад. Аз ин рӯ, Ҷоиза ба эҳёи мафҳуми виҷдони илмӣ ва масъулияти ахлоқии муҳаққиқ мусоидат менамояд.
Ин иқдом метавонад оғози марҳалаи нави эҳёи маърифатии Тоҷикистон гардад. Дар шароити муосир сарвати воқеии давлат иқтидори илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии он мебошад. Ҷоизаи мазкур ба таҳкими худшиносии миллӣ, рушди рақобатпазирии илмӣ ва тақвияти масъулияти ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти дурнигари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат метавонад мероси илмӣ ва фарҳангии худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Дар маҷмуъ, аҳамияти ин Ҷоиза дар эҳёи мероси илмии Сино, таҳкими ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон, рушди арзишҳои инсонгароии тиббӣ, тақвияти масъулияти ахлоқии илм ва густариши ҳамкории байналмилалӣ зоҳир мегардад.
Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб рамзи пайванди хотираи таърихӣ, масъулияти имрӯз ва умеди фардост. Он нишон медиҳад, ки илм бояд бо ахлоқ, дониш бо масъулият ва пешрафт бо инсонгароӣ ҳамқадам бошанд. Маҳз дар ҳамин арзишҳо вижагии фарҳангӣ, ахлоқӣ ва тамаддунии Ҷоиза таҷассум меёбад.


Акбар МУРОДЗОДА, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, номзади илмҳои тиб