Баргашт Чоп кардан

ҶАЛАСАИ 82-ЮМИ ШУРОИ РОҲБАРОНИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ


Чанде пеш дар шаҳраки Бурабойи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 82-юми Шурои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд.
Дар он аъзои Шуро — роҳбарони хадамоти гумруки ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Шуро, роҳбари Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Валерий Пикалёв ифтитоҳ ва роҳбарӣ намуда, ба ҷониби Қазоқистон барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани чорабинӣ изҳори сипос кард.
Директори Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ Михаил Мискин зимни суханронии худ аз 35-солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ёдовар шуда, оид ба таъсиси формати нави ҳамкории густурдаи «ИДМ плюс» ва додани мақоми нозир ба Созмони ҳамкории Шанхай дар назди ИДМ маълумот пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки ин иқдомҳо барои густариши ҳамкорӣ ва рушди муколама бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ҳадафҳои муштарак доранд, заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар рафти ҷаласа Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба содагардонии ҳамлу нақли транзитӣ ба имзо расид. Ҳамчунин, нуҳ масъалаи рӯзномаи ҷаласа баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Ба муносибати 35-солагии ИДМ ба кормандони Хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки дар фаъолияти Шуро иштироки фаъолона дошта, дар рушди ҳамкории байналмилалии гумрукӣ саҳми арзанда мегузоранд, нишонҳои сарисинагии Шурои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ тақдим гардид.
Тибқи натиҷаи ҷаласа, пешниҳод шуд, ки нишасти навбатӣ – ҷаласаи 83-юми Шуро моҳи сентябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Беларус баргузор гардад.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”