![]()
Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030, ки 28-уми майи соли равон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи он мавриди баррасӣ қарор гирифт, бо мақсади пешгирии сатҳи гирифторшавӣ ба бемории қанд ва фавти аҳолӣ аз он, истифодаи захираҳои мавҷуда барои ташхиси бармаҳал, мукаммалсозии ёрии махсуси эндокринологӣ, таъмини дастрасӣ ба ҳамаи намуди табобат, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ таҳия шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бемории диабети қанд дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул ёфта, сабабу омилҳои он зиёданд. Аз ҷумла, ирсият, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, иллати ғадуди зери меъда, бемориҳои эндокринологӣ ва ғадудҳои болои гурда, изтиробҳои пай дар ҳам, истеъмоли нодурусти ғизо, истифодаи зиёди тамоку, бемориҳои музмини системаи ҳозима ва ғайра, омилҳои асосии гирифторӣ ба ин бемориянд.
Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техника, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб Ғиёсиддин Мироҷов зимни суҳбат иброз намуд, ки аз ҳаҷми умумии ғизои шабонарӯзӣ бояд 40 фоизро сафеда, 30 дарсадро чарбӣ, 20 дарсадро карбогидратҳо ва 10 фоизи боқимондаро минералу витаминҳо ташкил диҳанд.
– Сафеда дар таркиби гӯшт, моҳӣ, тухми мурғ, шир, лӯбиёиҳо ва гандум зиёд аст. Равғани моҳӣ, равғани зард, зағир, зайтун, офтобпараст, пахта, лӯбиёи чинӣ (соя) ва чормағз манбаи асосии чарбҳо мебошанд. Карбогидратҳо дар таркиби гандум, ҷав, биринҷ, марҷумак, ҷуворӣ ва арзан фаровонанд. Меваю сабзавот ва донагиҳо манбаи асосии минералу витаминҳо ба шумор мераванд, – мегӯяд Ғиёсиддин Мироҷов.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯз дар таркиби ғизои аксари мардум карбогидратҳо аз меъёр зиёданд, ки ин ҳолат ба фарбеҳӣ ва сар задани диабети қанд оварда мерасонад. Ба гуфтаи академик Мироҷов истеъмоли маҳсулоти қаннодӣ ва нонию хамирӣ боиси вайроншавии мубодилаи қанду чарбҳо мегардад. Зимни зиёдшавии миқдори қанд дар хун вай ба эритроситҳо, асосан, бо гемоглобин, пайваст шуда, миқдори гемоглобини гликонозидро зиёд мекунад.Дар натиҷа, эритроситҳо пора шуда, ба кристаллҳо табдил меёбанду рагҳоро захмӣ мекунанд. Глюкоза дар ҷигар, мушакҳо, чарбҳои дохилӣ ва мағзи сар мубодила шуда, барои фаъолияти ин узвҳо энергия ҳосил мекунад. Як қисми глюкоза дар ҷигар ба гликоген ҳамчун захира табдил меёбад. Қисми зиёдаш ба чарб мубаддал шуда, дар пеши шикам ҷой мегирад. Ин ҳолат боиси афзоиши вазни бадан гашта, ба фарбеҳӣ оварда мерасонад.
– Қанд ба дигар узвҳо тавассути инсулин ворид мешавад. Дар натиҷа, ғадуди зери меъда инсулини зиёд ҳосил намуда, ҳолати инсулини резистентӣ ба амал меояд. Ин боиси дар хун зиёд шудани миқдори қанд ва инсулин мегардад. Дар навбати худ, фарбеҳӣ сабабгори бемории чарбзеркунии ҷигар, дил, атеросклероз, бемории ишемиявии дил ва панкреатити музмин шуда метавонад. Аз ин рӯ, истеъмоли карбогидратҳо дар як шабонарӯз набояд аз 200 грамм зиёд бошад, – иброз намуд Ғиёсиддин Мироҷов.
Академик бо изҳори ташвиш зикр кард, ки мардуми мо нонро зиёд истеъмол мекунанд. Ҳол он ки дар Тоҷикистони офтобиамон меваю сабзавоти лазиз фаровон аст. Агар онҳоро дуруст ва бамавриду мувофиқи меъёр истифода барем, ҳоҷат ба истеъмоли нони бисёр намемонад. Ба қавли ин олими муътабар, сабӯс барои лоғаршавӣ ва мувофиқи меъёр нигоҳ доштани вазн беҳтарин восита маҳсуб меёбад.
– Ман ҳамеша таъкид менамоям, ки сабӯс бояд аз таркиби орд ҷудо карда нашавад, зеро вай ҳам ғизо асту ҳам даво. Ноне, ки дар таркибаш сабӯс дорад, ҳам болаззат мешаваду ҳам дармонбахш. Ғоз (нах)-и набототии таркиби гандум низ манфиатнок буда, фаъолияти рӯдаҳоро муътадил ва ба чарб табдил ёфтани ширинию карбогидратҳоро пешгирӣ менамояд, – мегӯяд олими маъруф.
Имрӯз аз сабаби гарон будани нархи гӯшт на ҳар оила имкони харидани онро дорад. Академик Ғиёсиддин Мироҷов тавсия медиҳад, ки дар ин ҳолат аз лӯбиё, нахӯд, мош ва наск бештар истифода бурдан лозим аст. Дар таркиби лӯбиёиҳо витаминҳои гурӯҳи В зиёданд.
Ғизоро вобаста ба фасли сол таҳия кардан бештар манфиат меорад. Масалан, дар фасли зимистон бештар ғизоҳои гӯштдор ва равғанӣ истеъмол бояд кард. Дар мавсими гармӣ бошад, истеъмоли таомҳои серсабзавот, чакка, ҷурғот, дӯғ манфиатбахш буда, касро солим нигоҳ медоранд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”