Пас аз эълони таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Миср дар ҳамкорӣ бо расонаҳои маҳаллӣ баҳри муаррифии ин иқдом чанд гузоришу мақола ба нашр расонд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба расонаҳои хориҷӣ хабар додааст.
Аз ҷумла, дар сомонаи «Шуруқ-нюс» бо номи «Тоҷикистон бо эълони Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи тиб ба номи Абуалӣ ибни Сино мероси ӯро абадӣ кард» мақолае ба нашр расид, ки аҳамияти ин иқдомро на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тибби ҷаҳонӣ бозгӯ мекунад. Дар мақола таъкид шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсиси ин Ҷоиза саҳми бузурге дар ташвиқу тарғиби олимони тоҷик ва ҷаҳон барои анҷоми таҳқиқот ва фаъолиятҳои бештари илмӣ - тиббӣ гузошт.
Сомонаи хабарӣ - таҳлилии «Дипломатия» навиштааст: «Президенти Тоҷикистон номи Ибни Синоро бо Ҷоизаи байналмилалии тиббӣ абадӣ гардонд ва дар замони авҷи мушкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, аз пандемияҳои фаромарзӣ гирифта, то буҳронҳои тандурустӣ ва дастрасии нобаробар ба тиб, Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба яке аз бузургтарин шахсиятҳои тамаддуни инсонӣ, олими барҷаста Ибни Сино ҷалб намуд, аммо на ҳамчун шахсияти гузаштаи таърихӣ, балки барои рушди тибби оянда. Фармони таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино дар соҳаи тиб, ки аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон таъсис шуд, паёмеро дар бар мегирад, ки аз шинохти рамзӣ фаротар рафта, ба доираи дипломатияи илмӣ ва башардӯстона мерасад».
Дар идомаи мақола омадааст, ки ин Ҷоиза на танҳо дастовардҳои тиббиро қадр мекунад, балки фалсафаи Ибни Синоро, ки бар асоси фаҳмиши инсоният, муҳити зист ва саломатӣ ҳамчун як системаи муттаҳид асос ёфтааст, тасдиқ менамояд ва Душанбе бо ин иқдом фасли наверо дар дипломатияи илмӣ боз мекунад.
Ин ташаббус иродаи Тоҷикистонро барои тақвияти ҳузури байналмилалии худ тавассути илм ва дониш ошкор мекунад. Ҳамон тавре ки баъзе мамлакатҳо бо дастовардҳои иқтисодӣ ё низомии худ машҳуранд, Тоҷикистон тасвиреро аз худ ба намоиш мегузорад, ки бо мероси зеҳнӣ ва илмии шахсиятҳои таъсиргузор дар тамаддуни инсонӣ алоқаманд аст. Аз ин нигоҳ, таъсиси ин Ҷоиза бештар ба як лоиҳаи дарозмуддати институтсионалӣ монанд аст, на ба як чорабинии муваққатии тантанавӣ.
Ҳамин манбаъ дар бахши англисии худ низ мақолае дар ин хусус ба дасти нашр супурдааст, ки чунин унвон дорад: «Аз Бухоро то Душанбе: вақте ки Ибни Сино ҳамчун Ҷоиза барои табобати ҷаҳон бармегардад» («From Bukhara to Dushanbe: When Avicenna Returns as a Prize to Heal the World»). Дар ин мақола низ аҳамияти Ҷоизаи Абуалӣ ибни Сино ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ривоҷ додани илм дар ҷаҳон мавриди баррасӣ ва қадрдонӣ қарор гирифтаанд.
Сомонаи хабарии «Лигаи испанӣ-арабӣ» ҳам дар гузорише бо унвони «Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ба шарҳи фармон пардохта, онро дар паҳлуи дигар ташаббусҳои Пешвои миллат, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон истиқбол ёфтанд, яке аз иқдомҳои ояндасоз ва оянданигар номидааст. Муаллиф ба баррасии вазъи тиб дар Тоҷикистон, фаъолияти донишгоҳҳо ва муассисаҳои табобатии ҷумҳурии мо пардохта, рушди соҳаи тандурустиро дар замони соҳибистиқлолии кишвар мавриди ситоиш қарор додааст.
З. РАҶАБ, «Ҷумҳурият»