Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ


Муаллифи саодатномаи тоҷикон дар марҳалаи нави давлатдорӣ


Ҷанг. Шунидани ин калима ғамангез аст, аммо дидани он фоҷиаест тасаввурнопазир. Солҳои 1992–1997 Тоҷикистон дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт. Ҳазорҳо шаҳрвандони бегуноҳ ҷон бохтанд, садҳо ҳазор одамон хонаву макони зисташонро тарк карда, ба давлатҳои гуногун паноҳ бурданд. Ин фоҷиаро касе, ки надидааст, ҳаргиз пурра дарк намекунад, зеро «шунидан кай бувад монанди дидан».
Имрӯз, ки дар кишвари мо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармост, бояд гузаштаро омӯзем ва аз таърих сабақ гирем. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ҳатто дар шадидтарин низоъҳо, агар иродаи сиёсӣ ва дастгирии байналмилалӣ бошад, метавон ба оштии устувор ноил шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаи худ тавонистанд кишварро аз нобудӣ наҷот диҳанд.
Барҳақ, истиқрори сулҳ ва cозгории миллӣ дар Тоҷикистон аз муҳимтарин дастовардҳои таърихи навини давлатдорӣ ба шумор меравад. Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Ихтилофҳои сиёсӣ ва гурӯҳӣ тадриҷан шиддат гирифта, соли 1992 ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мубаддал шуданд. Ин низоъ дар тули панҷ сол ба ҳаёти ҳазорҳо шаҳрвандон таъсири фоҷиабор расонда, боиси талафоти зиёди ҷонӣ, муҳоҷирати иҷбории садҳо ҳазор нафар ва хароб гардидани инфрасохтори иқтисодии кишвар шуд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 ба рушди давлатдории миллӣ монеаи ҷиддӣ эҷод намуда, фаъолияти бисёр муассисаҳои давлатӣ ва иқтисодиро халалдор кард. Дар натиҷаи ҷанг қисми зиёди аҳолӣ маҷбур шуданд манзилҳои худро тарк намоянд ва ба минтақаҳои дигар ё давлатҳои хориҷӣ паноҳ баранд. Ҳамзамон, хавфи пароканда шудани ҷомеа ва аз байн рафтани пояҳои давлатдории навини тоҷикон ба вуҷуд омада буд.
Дар чунин шароити душвор роҳбарияти давлат ба хулоса омад, ки роҳи ягонаи раҳоӣ аз буҳрон музокироти сиёсӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъ мебошад.
Дар натиҷаи талошҳои пайгирона 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, бозгашти гурезагон ва рушди минбаъдаи давлатдории мустақили Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овард. Аз ҳамин сабаб, Созишномаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи муосири кишвар арзёбӣ мегардад ва таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъ тавассути музокирот эътироф шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии давлат масъалаи барқарор намудани сулҳу субот ва ҳифзи давлатдории миллиро яке аз вазифаҳои асосии худ қарор доданд. Дар шароите, ки кишвар ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, Сарвари давлат сиёсати гуфтушунид ва оштии миллиро пеш гирифта, барои ҳалли мусолиматомези низоъ талош намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи музокирот мавқеи ҷонибдори сулҳро ишғол намуда, барои ба ҳам наздик намудани мавқеи ҷонибҳо ва расидан ба созиш саҳми назаррас гузоштанд.
Ҷойи таъкид аст, ки имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ на танҳо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки барои барқарорсозии иқтисодиёт, бозгашти садҳо ҳазор гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ, таҳкими сохти конститутсионӣ ва рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ заминаи устувор гузошт.
Аз нигоҳи таърихӣ, Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути муколама ва музокироти сиёсӣ эътироф гардидааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз низ дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун намунаи созандаи оштии миллӣ ва барқарорсозии сулҳ дар ҷомеаҳои пас аз низоъ мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими Созишнома барқарор гардидани суботи сиёсӣ дар кишвар буд. Пас аз солҳои тулонии даргириҳо, фазои муносиб барои фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ, рушди институтҳои сиёсӣ ва таъмини волоияти қонун фароҳам омад. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи муқаррароти ин ҳуҷҷати таърихӣ ислоҳоти муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ гардида, барои ташаккули низоми сиёсии нав ва иштироки қувваҳои гуногуни сиёсӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ шароит муҳайё шуд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти махсус дорад. Раванди сулҳи Тоҷикистон ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути музокирот, созиш ва иродаи сиёсӣ аз ҷониби бисёр коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст. Ин таҷриба нишон дод, ки ҳатто низоъҳои шадиди дохилӣ метавонанд тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва иштироки фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ҳалли мусбат пайдо намоянд.
Раванди сулҳи тоҷикон солҳои 1994–1997 яке аз саҳифаҳои муҳим ва сарнавиштсози таърихи муосири Тоҷикистон ба шумор меравад. Музокироти тӯлонӣ ва мураккаб, иродаи сиёсии ҷонибҳои даргир, нақши миёнравонаи Созмони Милали Муттаҳид ва мусоидати давлатҳои кафилу нозир барои расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Ин раванд собит намуд, ки танҳо тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон низоъҳои дохилиро ҳал кард ва заминаи сулҳи пойдорро гузошт.
Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки оғози марҳалаи нави рушди давлатдории тоҷикон гардид. Ин санади таърихӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ, рушди институтҳои сиёсӣ ва таъмини суботи ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам овард.
Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ ва намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мешавад. Ҳифз ва таҳкими арзишҳои сулҳу ваҳдат, эҳтиром ба таҷрибаи таърихии оштии миллӣ ва омӯзиши сабақҳои он барои наслҳои имрӯзу оянда аҳамияти бузург дорад. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи асосии пешрафти давлат ва ҷомеа боқӣ монда, яке аз арзишмандтарин дастовардҳои халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Вақте ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Афғонистон ташриф оварданд ба мардум ваъда карданд, ки ман ба шумо сулҳ меорам ва дар ҳақиқат сулҳро ба армуғон оварданд. Гурезагони иҷбориро ба Ватан баргардонданд. Дар ҳоле ки ҳама умедҳо аз даст рафта буданд, сулҳи деринтизор омад.
Аз ноумедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.


Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи бадастомада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва Пешвои матинирода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар шароити кунунӣ моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо – сулҳу ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри арзишҳои он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин неъмати бебаҳоро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Ман имрӯз ҳамчун як фарзанди ҳамин миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам меболам, зеро ваҳдат ин, пеш аз ҳама, ҳимояи манфиатҳои миллист ва ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ ҷойи онро гирифта наметавонанд.


Раҳим КАРИМОВ,
мушовири ректори
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон
ибни Собит, номзади илмҳои фалсафа