Баргашт Чоп кардан

БМТ. БАРДОШТ АЗ ЧОРАБИНИИ МУШТАРАК


Дар Бонки миллии Тоҷикистон чорабинии муштараки омӯзишӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид.
Он бо ташаббуси котиботи ГАО ва дастгирии Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия (МБОМММ) доир шуд ва ба баланд бардоштани сатҳи омодагии намояндагони кишвар – гурӯҳи коршиносони миллӣ аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, сохторҳои назоратӣ, бахши молиявию ғайримолиявии хусусӣ, равона гардид.
Дар рафти чорабинӣ иштирокдорон мувофиқи самтҳои фаъолияти худ дар машғулияту муҳокимарониҳо ширкат варзида, масъалаҳои баҳодиҳии хавфҳо ва самаранокии низоми назоратӣ дар ҳамбастагӣ бо намояндагони мақомоти назоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Алалхусус, ба истифодаи иттилооти иктишофи молиявӣ, тафтиши ҷиноятҳо ва механизмҳои мусодираву баргардондани дороиҳои ҷиноятӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир гардид.
Намояндагони мақомоти назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар машғулиятҳои симулятсионӣ оид ба омодагӣ ба мусоҳибаҳо бо гурӯҳи коршиносон- баҳогузорон ширкат варзиданд.
Инчунин, масъалаҳои ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ ва чораҳои пешгирикунанда бо иштироки намояндагони бахши молиявӣ ва ғайримолиявии хусусӣ низ арзёбӣ гардиданд.
Директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳалим Мирзоалиев зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи муҳими омодагӣ ба баҳодиҳии мутақобила ворид шудааст, ки он 3-юми августи соли 2026 расман оғоз меёбад ва дар доираи он кишвар бояд саволномаи мутобиқати техникӣ ва баъдан, нишондиҳандаҳои самаранокии низоми миллиро пешниҳод намояд.
Методологияи ФАТФ ва талаботи даври сеюми баҳодиҳии мутақобила ҳам мавриди омӯзиш қарор гирифт ва ба масъалаҳои баҳодиҳии хавфҳо, ҳамкории миллӣ ва байналмилалӣ, фаъолияти мақомоти назоратӣ, самаранокии тафтишот ва таъқиби ҷиноятҳо, инчунин, мусодира ва баргардондани дороиҳои ҷиноятӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Бахши муҳими барнома машғулиятҳои симулятсионӣ буд, ки дар он иштирокдорон бо шакл ва муҳтавои эҳтимолии мусоҳибаҳо бо гурӯҳи коршиносон - баҳогузорон шинос гардиданд.
Чорабинӣ ба таҳкими ҳамоҳангии байниидоравӣ, баланд бардоштани омодагии амалии мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, ҳамчунин, таҳкими низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО мусоидат менамояд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


«СЕБИ ДАСТИ МУАЛЛИМ»
Бо ҳамин унвон маҷмуаи навбатии ҳикоя, очерку лавҳа ва таронаҳои Қурбоналӣ Раҳимзода, журналист, корманди масъули дастгоҳи Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи нашриёти «Шоҳин-С» ба дасти хонандагон расид, ки 26 матлабро дар бар гирифтааст.


«Себи дасти муаллим» дар ситоиши касби омӯзгориву омӯзгорон аст. Муаллиф, ки худ солҳо дар деҳот омӯзгор буд, тавонистааст симои муаллим, махсусан онҳоеро, ки дар мактабҳои ибтидоӣ, асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шогирдони зиёдеро тарбия намуда ба зиндагии мустақил ва омӯзиши касбу ҳунар ҳидоят додаанд, ба тарзи шоиста, шавқовар, бо истифодаи рамзҳо, ташбеҳу истиора ва мақолу зарбулмасалҳо тасвир созад, ки басо барҷаставу воқеӣ баромадаанд. Суханҳояш кӯтоҳ, вале баёни гуфтораш як ҷаҳон маънӣ дорад, завқбахшанд. Махсусан, ҳикояи «Замини муаллимон», лавҳаҳои «Себи муаллим», «Ба истиқболи Офтоб», «Омӯзгори асил, инсони хоксор», «Нури Бозор», «Дар кӯчаи хокие равонам ҳама шаб» хеле ҷолиб қаламӣ шуда, аз рисолати омӯзгор ҳарф мезананд.
Китоб барои доираи васеи хонандагон тавсия мешавад, ҳар касе онро мутолаа намояд, ҳатман муаллими аввалинашро ба ёд хоҳад овард, ки мақсади муаллифи маҷмуа низ дар ҳамин аст.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»