16-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.
Қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, то онҳо ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд.
Қонуни авф ба 18038 маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 нафар кам карда мешавад.
Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.
Қонун «Дар бораи авф», инчунин, нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.
Қонун мақомоти дахлдорро вазифадор менамояд, ки иҷрои онро дар давоми ду моҳ таъмин карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Қонун «Дар бораи авф» мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро муваззаф месозад, ки барои ба кор таъмин намудани шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озодшуда, ба таҳсил фаро гирифтани ноболиғон, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони номбурда чораҷӯйӣ намоянд.