Ҷомеаи ҷаҳон ва кишвари Тоҷикистон ҳоло дар марҳилаи тақдирсоз ва хеле мураккаби таърих қарор доранд, вале чун мардуми мо дар ҳалли ҳама гуна падидаҳои мушкилзо хушбин ҳастанд, медонанд, ки роҳҳои аз ин гуна вазъият оқилона ва ба хушӣ баромадан ва ҳар гуна чолишҳои сиёсиву иқтисодиро ба имконияти рушди муваффақона табдил додан вуҷуд дорад. Ин нуктаҳоро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тасдиқ мекунад. Паёми навбатии Пешвои миллaт бо фарогирии самтҳои гуногуни фаъолияти давлат ва як қатор нақшаву ташаббусҳо барои ҳалли муваффақонаи масъалаҳои мубрам пешниҳоди ҷомеи кишвар гардид.
Хусусан, Пешвои миллат ба илму маориф бештар диққат медиҳанд. Аз ҷумла таъкид мешавад: “Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад».
Дар соли 2022, чуноне аз Паём бармеояд, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодаанд, муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд. Таҷрибаи дар заминаи илму технология пешрафт кардани давлатҳои тараққикарда, ба мисли Олмон, Ҷопон, Сингапур ва Малайзия ва дигарон аз он шаҳодат медиҳад.
Муҳимтарин нуктаи дигари Паём дар соҳаи илму маориф ин аст, ки аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 дарсад зиёд мешаванд. Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои аҳли илм ва маориф фароҳам овардааст, моро зарур аст, ки дар роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди тадқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузорем ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ҳамчунин қайд намудаанд: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Тоҷикистон, ки кишвари ҷавон аст ва 70 фоизи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз мадди назари Роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи амалҳои созандаи падарону бузургон ва созандагони фардои ҷомеа эътироф гардидаанд. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Чунки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд».
Барои ба боварию эътимоди Пешвои миллат сазовор гардидан, ҳар як ҷавони кишварро мебояд бо амалҳои нек, баҳри андӯхтани илмҳои муосир, донистани фанҳои дақиқ, донистани техникаву технология ва забонҳои хориҷӣ аз қабили русию англисӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар оянда ҳамчун донишманд ва мутахассиси арзанда дар раванди давлатдории навин мавқеи хоссаро касб намояд.
Ҷамшед РАҲИМЗОДА,
декани факултети энергетика,
Илҳом ҚУРБОНШОЕВ,
дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ