Баргашт Чоп кардан

БАБРИ МОЗАНДАРОН


Дар овони наврасӣ ва ҷавонии мо, солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта, замони Иттиҳоди Шуравӣ, ин кишвари бузургро «маҳкам бо пардаи оҳанин» мегуфта бошанд ҳам, дарҳои он барои ворид гаштани адабиёт ва фарҳанги пешқадами дунё ҳамеша боз буд.
Ҳазорҳо адабиёти илмӣ, бадеӣ, публитсистӣ ва филмҳои хориҷӣ бо забони русӣ тарҷума, нашр ва дастраси миллионҳо хонандагон ва тамошобинони кишвар мешуд. Ҳамчунон, ба забони халқҳои Шуравӣ тарҷума мегардид. Чунин амал яке аз беҳтарин фазилатҳои ҳамон давра буд.
Дар «шашяки рӯйи замин» жанри филми бадеӣ чун беҳтарин воситаи тарбияи бачагон, наврасон, ҷавонон ва тамоми мардум истифода мешуд. Ин шакли тарбия натиҷаи хуб медод.
Дар замони Эрони шоҳӣ аз ин кишвар даҳҳо филм ва ҳазорҳо адабиёти илмию бадеӣ, шеъру суруди беҳтарин овозхонҳо вориди кишвари Шуравӣ мегашт. Дар байни хонандагону тамошобинон паҳн мешуд. Мо аз онҳо ғизои маънавӣ мегирифтем. Дар бораи ахлоқ, маънавиёт, урфу одат, тафаккури бадеӣ, дараҷаи рушди тарбияи эстетикии халқҳои ҳамзабони худ маълумот дарёфт мекардем.
Яке аз филмҳои хотирмон «Бабри Мозандарон», истеҳсоли филмсозони эронӣ буд. Нақши қаҳрамони филмро ҷаҳонпаҳлавон Имом Алӣ Ҳабибӣ иҷро менамуд.
Филм характери тарҷумаиҳолӣ дошт. Аз сифатҳои шахсият ва тақдири як ҷавонмарди форс ҳикоят мекард, ки тавассути омӯзиш ва машқҳои сангини мақсадноки шабонарӯзӣ аз варзишгари одӣ, зина ба зина, то ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ ноил мегардад. Шаъну шарафи ватанашро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардорад.
Чанд сухани мураббии қаҳрамони филм, ки ба шогирдон ҳидоят мекард, барои мо, ҷавонон хотирмон буд: «Таваллуд шудан дар олам як чизи одӣ аст. Аммо ба қадри он расидан, дар зиндагӣ нақш гузоштан – ин аст нишонаи камолот ва хиради инсонӣ». Ё ин ки: «Инсон набояд аз зиндагӣ туҳфае интизор бошад. Баръакс, бояд зиндагиро ҳамчун туҳфа барои худ ташкил кунад».
Шинохти аввалини ман аз кишвари бузурги Эрон, тавассути ҳамин филм сурат гирифта буд.
Дар соли дуюми фаъолияти дипломатӣ, ба хотири рушди сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат, ман гурӯҳи соҳибкорони шинохтаи Эронро ба сафорат даъват кардам. Чанд лоиҳаро пешниҳоди онон намудам.
Муҳокима, суолу ҷавоб ва хулосаҳои мо, дар маҷмуъ, муфид буданд.
Баъди чорабинӣ мо ба меҳмонон дастурхони таомҳои тоҷикӣ пешкаш кардем.
Ҳангоми гуфтугӯи озод бо соҳибкорон, ман дар бораи адабиёт, фарҳанг ва маданияти Эрон, аз ҷумла, оид ба филми «Бабри Мозандарон» ва қаҳрамони он оғои Ҳабибӣ таассуроти худро баён доштам.
Бо сипарӣ шудани панҷ-шаш рӯз, яке аз соҳибкорони Теҳрон бо исми оғои Муҳсинӣ дархости мулоқот кард. Ҳини вохӯрӣ чанд таклифи муфиди ҳамкориро бо Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, изҳор дошт:
– Муҳтарам кордори Сафорат, ҳангоми мулоқот бо соҳибкорони эронӣ, Шумо ҳамзамон дар бораи адабиёт ва фарҳанги Эрон ҳарфҳои ҷолиб арзонӣ доштед. Аз ҷумла нисбат ба оғои Имом Алӣ Ҳабибӣ, қаҳрамони филми «Бабри Мозандарон» ҳам.
Ростӣ, оғои Ҳабибӣ дойӣ (бародарзода)-и ман аст. Дар ин муддат, банда имкон доштам бо эшон дар тамос бошам. Зарур донистам, дар бораи суҳбати Шумо, таассуроти некатон нисбат ба филми «Бабри Мозандарон» ва қаҳрамони он изҳори назар намоям.
Ин пайғомро оғои Ҳабибӣ бисёр хуб пазируфт. Ба ман супориш дод, ки даъвати ҷаҳонпаҳлавонро барои ташриф овардани Шумо ба манзили эшон дар Мозандарон расонам. Он кас интизори посухи Шумо аст, ки кай ин имконро метавонед, пайдо бикунед.
Аз ин даъват хурсанд шудам. Пеш аз ҳама, дар бораи зиндаву саломат будани ин шахс, ки мамлакати худро дар олам аз ду ҷиҳат муаррифӣ кардааст. Аввалан, ҳамчун қаҳрамони ҷаҳон ва дуюм, чун нақшофари филми машҳуру хотирмон.
Бо иҷозати роҳбари намояндагӣ, ман розигии худро барои аёдати шахсияти хирадпешаву зӯрманд ба оғои Муҳсинӣ иброз доштам.


ТАҲАМТАН БИПӮШАД БАБРИ БАЁН


Ҳамин тариқ, мо бо аҳли оила озими сафари Мозандарон шудем.
Воқеан, ин мавзеъ, ки дар соҳили баҳри Хазар ҷойгир аст, як қисмати биҳиштосои Эронро мемонад.
Мо бо ҳамроҳии оғои Муҳсинӣ шаҳрҳои Гургон ва Омулро паси сар карда, ба маркази Мозандарон расидем.
Оғои Муҳсинӣ роҳнамо буд. Мошини ӯ пешопеш мерафт. Мо аз шаҳр берун баромада, ба самти фароз ҳаракат кардем. Оқибат, аз нуқтаи аҳолинишин ҷудо шуда, ба сӯйи теппаи бузурге роҳ гирифтем.
Умуман, Мозандарон мулки ҳамешабаҳор, сарсабзу хуррамро мемонад. Саросар ҷангалзор ва чашмасор аст.
Самти теппае, ки мо ҳаракат мекардем, аз чапу рост ҳамин табиатро дошт.
Оқибат, мошинҳои мо ба баландии теппа расиданд. Рӯ ба рӯйи мо як дарвозаи бузург баромад. Мисле, ки касе мунтазири мо бошад, онро кушод. Маълум мешуд, ки соҳибхона аз вақти омадани мо хабар дорад.
Вориди ҳавлии ба андоза калон шудем ва пасу пеш мошинҳоро манъ карда, фаромадем.
Моро як пирамарди тахминан ҳафтод-ҳафтоду панҷсола, қадбаланд, газгӯшт, чашму абрӯсиёҳ, бо мӯйи сари кӯтоҳи ҷингилаи мошубиринҷ, риши пок тарошида, шими ҷинси обшуста, куртаи остинкӯтоҳи замонавӣ ва пойафзоли сабуки варзишӣ пешвоз гирифт.
Ӯро ҳамон замон шинохтам. Ӯ оғои Имом Алӣ Ҳабибӣ буд.
Мизбон моро гарму ҷӯшон пешвоз гирифт. Ба саломаш ман даст дароз кардам. Оғои Ҳабибӣ бошад, бо хушнудӣ ва чеҳраи кушод, гӯё маро чандин сол боз мешинохта ва робитаи дӯстӣ дошта бошад, ба оғӯш кашид.
Дар чунин синну сол ҳам бозуи қавӣ ва бадани оҳанини ин пирамардро эҳсос кардам. Дасту панҷаи оғои Ҳабибӣ сахт, шахшул ва меҳнатдида буданд.
Ӯ нигоҳҳои тез, омӯзанда, солори нарм ва меҳрубонона дошт.
Одатан, варзишгарони касбӣ аз лиҳози дониш, маънавиёт зиёд пешрав нестанд. Рушди ҷаҳонбинии эшон бо мушакҳои бадан ва унвонҳояшон дар таносуби нопурра қарор дорад.
Аммо дар нақши марказии филми аз лиҳози руҳию равонӣ ва ҷисмонӣ мураккабу гуногунҷабҳа бозӣ кардани оғои Ҳабибӣ аз дониш, хирад, фарҳанг ва маънавиёти баланди ин шахсияти фавқулода шаҳодат медод.
Баъди ҳолпурсӣ оғои Ҳабибӣ миннатдории худро аз ёдоварӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба нақши беш аз сӣ сол пеш офаридааш дар санъати кино изҳор дошт ва гуфт:
– Ҷаноби оғои сафир! (Дар асл банда мушовири сафорат будам). Пештар гумон мекардам, ки ман ба ҳайси қаҳрамони ҷаҳон дар мушкилтарин сабқат – гӯштини тарзи озод дар дунё машҳурам, аммо Шумо маро ҳамчун нақшофарини маъруф шинохтаед. Ин бароям хеле ҷолиб уфтод.
Гуфтам:
– Оғои Ҳабибӣ, ҳунарманди марказии филмро низ қаҳрамон, қаҳрамони филм меноманд. Гузашта аз ин, Шумо дар филм нақши худатон – қаҳрамони ҷаҳонро офаридаед.
Ба фикри ман, ҷумлаи охирин ба оғои Ҳабибӣ бештар маъқул омад. Ва ба суолҳои худ нисбат ба андешаи мо доир ба ҳаёту корномааш посухи муносиб пайдо кард.
Оғои Ҳабибӣ бори дигар моро хайрамақдам гуфта, ба дастурхоне, ки барои меҳмонон ороста буд, даъват намуд.
Боду ҳаво дар рӯзи ташрифи манзили он ҷаҳонпаҳлавон софу беғубор ва офтобӣ буд. Ба ҳамин хотир, ман ба соҳибхона пешниҳод кардам, ҳавлӣ ва боғоти худро, ки хеле зебову дилкаш ва маҳсули парваришу заҳмати зиёди шахси босалиқаро мемонд, нишон диҳад.
Мизбон хоҳиши маро хуб пазируфт.
– Ин тавр бошад, биёед аввал ҳавлӣ, баъдан осорхонаро тамошо мекунем. Пасон ба сари дастурхон бармегардем, – иброз дошт мизбон.
Хонаи оғои Ҳабибӣ дар нуқтаи баландтарини теппаи сарсабз ва дарахтзор ягона буд. Он бо ним таҳхонаи тирезадор, якқабата, барҳаво дар асоси нақшаи меъмории хуб коркардшуда сохта ва шифти баланду дару тирезаҳои бузург дошт.
Ман чунин андеша доштам, хонае, ки кас барои зиндагии худ ва аҳли оилааш месозад, пораи қалб, маҷмуи ҷаҳонбинӣ, дидгоҳи ӯ ба зиндагии имрӯзаву оянда, муҷассамаи муаррификунандаи шахсияти худи ӯст. Хонаи истиқоматиро одам барои умри дарози худ, аҳли хонавода ва набераву абераҳо бунёд мекунад. Набояд дар эъмори он саросема шавад. Хона таърихи наслҳои як оила ва қисмати бузурги он аст.
Долони хонаи оғои Ҳабибӣ шишакорӣ карда шуда, дари бузурги дуқабата дошт.
Атрофи хонаро чойлоби калони ангур бо сутунҳои рехтаи фулузотӣ ва зебо иҳота карда буд.
Зери чойлобро, гӯё қолини сабз густурда бошанд, соҳибхона майса кошта, бо нигоҳубини ғамхорона сарсабз гардонида.
Дар сарҳади чойлоби ангур бо майдони обчакорӣ, қариб даҳ намуди гули садбарг парвариш меёфт. Дар майдони обчакорӣ ҷӯякҳои батартиб коркардшудаи сабзӣ, помидор, лӯбиё, маккагӣ, картошка ва дигар навъҳои сабзавот зинати ҳавлиро дучанд мегардонд.
Ҳамзамон бо ин, дар байни ҳар панҷ ҷӯяк, дарахтони мевадиҳандаи себ, зардолу, нок, олуболу ва ғайра шинонида буданд.
Аллакай, дар аввалин нигоҳ, ин манзара аз сифати олии шахсияти соҳибхона шаҳодат медод.
Қаламрави зисти оғои Ҳабибӣ тақрибан панҷоҳ сотихро ташкил мекард. Атрофи замин девор надошт. Бо як сими бофтаи бо ранги сабз рӯйкашшуда, албатта, барои зеби табиатро халалдор накардан ҳифз мегардид. Аз ин лиҳоз, гумон мекардӣ, ки тамоми теппаи сарсабзи бузург давоми ҳавлии оғои Ҳабибӣ аст.
Соҳибхона ҳар як дарахт, ҷӯяки обчакорӣ, навъи сабзавот ва фоидаи онро шарҳ медод.
Ба ин шахсияти бузург гӯш дода, гумон мекардед, ки бо мутахассиси сатҳи баланди соҳаи наботот, боғпарварӣ, сабзавоткорӣ, гулу гиёҳшиносӣ ва дорую дармонсозӣ суҳбат доред.
Акнун ман боз бештар дарк менамудам, ки чӣ гуна як ҷавонмарди меҳнатқарин, тавъам бо машқҳои сангину иродаи оҳанин, тавонистааст қаҳрамони секаратаи ҷаҳон дар гӯштингирӣ шавад.
Илова бар ин, ҳамчун ҳунарманди риштаи кино нақшеро офарад, ки барои ҳар бинанда, таассуроти шахсияти ботадбир, хирадманд, заҳматкаш, соҳибташаббус ва ватанпарастро боқӣ гузорад.
Оғои Ҳабибӣ моро ба қисмати шимоли майдони боғи худ даъват кард. Аз ин баландӣ бо дасташ ба майдони бузурге, ки дар пойини теппа, дар соҳили як канали калон ҷойгир буд, ишора намуд. Он ҷо замине бо паҳноии каб-кабуд ба назар мерасид.
Мизбон шарҳ дод:
– Оғои сафир, ин майдони сарсабзеро, ки мебинед, замини шахсии ман аст. Шолизор. Иборат аз сад гектар.
Вақте ман дар муқовиматҳои шадид ва мусобиқаҳои мушкилу мардафкан қаҳрамони мутлақи ҷаҳон шудам, парчами Эронро дар олам партавфишон кардам, чунин рӯйдод дар таърихи кишвар аввалин бор буд.
Баъди бозгашт ба Ватан, анбуҳи мардум маро дар фурудгоҳи Меҳробод пешвоз гирифт. То ба Қасри Малик ҳамроҳӣ кард. Шоҳ Ризо Паҳлавӣ шахсан ба истиқболи ман баромад. Барои ин ғолибият банда ва тамоми мардуми Эронро табрик гуфт. Суҳбат орост. Зиёфат фармуд. Ва пурсид, ба чӣ ниёз дорам. Гуфтам, шукр, ба ҳеҷ. Шоҳ лутф кард. Ба ман ана ҳамин сад гектар заминро ҳуҷҷат карда, ҳамчун туҳфа тақдим намуд. Ману авлоди ман, як умр аз чунин қадрдонии шоҳ Ризо Паҳлавӣ миннатдор ҳастем.
Баъди инқилоби исломӣ ин заминро аз дасти ман гирифтанд. Ман ҳаққи сухан гуфтан надоштам. Аммо, баъдан, ҳукуматдорон, намедонам чӣ андеша карданд, ки ин майдонро ба ман бозпас гардониданд.
Дар ин қисмати Мозандарон боду ҳаво барои парвариши зироати шолӣ беҳтарин аст. Аз ҳамин лиҳоз, шолӣ мекорам. Зиндагии ману аҳли оилаамро ҳамин замин пеш мебарад.
Баъдан оғои Ҳабибӣ моро ба дохили бино даъват кард. Вориди он гаштем.
Шифти иморат наздики чор метр иртифоъ дошт. Хонаҳо ба тарзи одӣ, аммо хушсалиқа ҷиҳозонида шуда буданд.
Сипас, ҷаҳонпаҳлавон осорхонаи шахсиашро, ки яке аз толорҳои бузурги хонаро ишғол менамуд, ба мо шинос кард.
Аксҳои падару модар, хонаи падарӣ, мактаби ибтидоӣ, миёна, фаъолияти деҳқонии худи оғои Ҳабибӣ, шогирди усто ва устои калони таъмири велосипед будани ӯ, корхонаи шахсии таъмири велосипед, сехҳои хурди истеҳсолӣ, клуб ва майдонҳои машқи гӯштингирӣ, зина ба зина расидан ба мартабаи қаҳрамони ҷаҳон, акси устодон, мураббиён, расми бузурги аз ҷониби рассоми босалиқа кашидашудаи Ризошоҳ Паҳлавӣ осорхонаро оро дода буданд.
Аз оғои Ҳабибӣ пурсидам:
– Магар дар осорхонаи шахсӣ ба намоиш гузоштани расми шоҳи Эрон, ки нисбаташ ҳукумати кунунӣ муносибати муайян дорад, барои Шумо мушкил эҷод намекунад?
Соҳибхона табассум карда, ба суоли ман бо байти шоири машҳур Муҳайярӣ посух дод:


Хотири доно зи гирдоби ҳаводис фориғ аст,
Кӯҳи гардунсойро андеша аз селоб нест.


Дар ҷойи намоён медалҳои дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ сарфароз гардидаи ӯ пешкаш шуда буданд. Навори нусхаи аслии филми «Бабри Мозандарон» дар шакли видеоӣ, ҷузъи ифтихории осорхонаи оғои Ҳабибӣ буд, ки дар телевизиони сохти ҳамон давра, дар шакли асл – сиёҳу сафед намоиш дода мешуд.
Дар осорхона оғои Ҳабибӣ ба ман китоби тарҷумаиҳолии худ таҳти номи «Фарзанди шолизор»-ро туҳфа кард. Ман ҳам дар ҷавоб асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро бо хатти форсӣ ба қаҳрамони ҷаҳон тақдим намудам.
Суҳбати мо дар гирди дастурхони оғои Ҳабибӣ, ки бо таъкиди мизбон, кулли анвоъ маҳсули майдони зироаткории худаш буд, дар мавзуъҳои гуногун сурат гирифт.
Ман соҳибхонаи машҳурро ҳамчун донандаи хуби таърихи Эрон ва забону адабиёти форсӣ дарёфтам. Ӯ шефтаи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ҷовидонаи ӯ буд. Бовар дошт, ки офаридаи донои Тӯс ҳамчун роҳнамо ва қуръони Аҷам дар ҳар хонадони мардуми форсизабон шинохта мешавад.
Ман ба хулосае омадам, ки ин марди шариф қариб тамоми абёти шоҳасари мардуми ориённажодро аз ёд медонад.
Вақте дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ сухан мегуфт ва барои тасдиқи фикраш пораи шеъриеро аз он қироат мекард, чашмонаш мисли нигоҳҳои Рустами Зол ба хотири сарбаландӣ, ғурури таърихӣ ва манзалати ҷавонмардони Эрони бостон шуълавар мегаштанд.
Ҷаҳонпаҳлавон сухани худро дар бораи Фирдавсии бузургвор, гӯё як навъ ҷамъбаст карда, чор мисраи шеъриеро, ки ба фикрам, мансуби қалами шоири машҳури тоҷику форс Анварии Абевардӣ мебошад, арҷгузорӣ намуд:


Офарин бар равони Фирдавсӣ,
Он ҳумоюннажоди фархунда.
Ӯ на устод буду мо шогирд,
Ӯ Худованд буду мо банда.


Ман ҷаҳонпаҳлавон Ҳабибиро ҳамчун шахси ватандӯст, рӯинтан, ҷавонмард, донишманду донишситой, пуркор, солор, хирадпеша, соҳибандеша, мустақилу маорифпарвар ва намунаи марди бузургу асили эронӣ дарёфтам.
Аз ташриф ба Мозандарон, мулоқот бо шахсияти соҳибноми мардуми форс, шинохти афкору зиндагии ӯ, аҳли оила таассуроти фаромӯшношуданӣ бардоштем.
Вале баъди сипарӣ шудани чанд сол, шунидам, ки мутаассифона, оғои Ҳабибӣ бо кадом сабабе бо аҳли оилааш ба Амрико кӯч бастааст.


(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», қисми 2, Душанбе,
«Эко Принт», 2024, саҳ. 416 - 427)